Мухтарам Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат!
Коллективи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Шуморо бо ҷашни зодрӯзатон табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд, дар корҳои роҳбарӣ, омӯзгорӣ ва илмию эҷодиатон комёбиҳои беназирро таманно дорад.
Фаъолияти Шумо дар соҳаи санъати тасвирии ҷумҳурӣ хеле бориз ва назаррас буда, зиндагонии Шумо барои шогирдонатон, ки имрӯзҳо барои равнақу ривоҷи соҳаи санъати тасвирӣ дар кишвари азизамон меҳнат карда истодаанд, намунаи ибрат ва омӯзиш аст.
Дар ин рӯзи муборак, бори дигар хоҳони тансиҳатии Шумо буда, орзу менамоем ҳамеша чун кӯҳҳои Бадахшон сарбаланд, чун Рӯдакӣ хушбаён, чун Саъдӣ дарозумр, чун Ҳофиз шӯҳратманд ва чун Ҷомӣ хоксор бошед!
Ҳеҷ гоҳ Бахт ва Хизр кошонаи Шуморо тарк насозанд!
Ҳабиб – соқиву, давлат – надиму, бахт – рафиқ,
Висол – ҳамдаму, дил – беғаму, ҳидоят ёр.