Устодони арҷманд ва донишҷӯёни азиз! Инак, Соли 2022 бо мо хайрухуш намуда, Соли нави 2023 ба кишвари азизи мо қадам мегузорад.

Бо истифода аз ин лаҳзаҳои пур аз шодиву фараҳ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ ҳайати омӯзгорон, кормандон, донишҷӯён ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрику муборакбод намуда, барояшон саломатӣ, рӯзгори орому осуда, зиндагии шоиста ва сарфарозиву иқболи баланд ва бурдбориву комбиёҳои беназир ва осудаҳоливу саодати рӯзгорро таманно менамоям.

Дар соли сипаришаванда халқи тоҷик таҳти роҳбарии сулҳҷуёна ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду муваффақиятҳои назаррас ноил гашт.

Боварӣ дорем, ки Соли 2023 низ таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари моро марҳилаҳои тозаи рушд интизор аст. Хусусан барои коллективи Донишкада бисёр соли накӯ боқӣ хоҳад монд. Чунки дар соли 2023 10-солагии таъсисёбии Донишкада таҷлил мегардад.

Ҷомаи амал пӯшидани беҳтарин орзую ниятҳои неки Шумо ба манфиати халқу Ватани азиз, хонаободию хушбахтӣ ва саодатмандии ҳар як фарди ҷомеаи Тоҷикистон дар Соли нави мелодӣ орзуи ҳамешагии мост.

Соли наватон мубораку фархунда бошад!