Устодон, кормандони муҳтарам ва донишҷӯёни азиз!
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун гардиши куллӣ ба сӯи хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш, пойдории миллати тоҷик, шаклдиҳии давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад.
Ин фаъолияти самарабахш пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид.
Дар Иҷлосия Ҳукумате таъсис ёфт, ки таҳти сарварии Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонист, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуда, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохта, Артиши миллӣ ва нерӯҳои посбони сарҳадиро таъсис диҳад, аксарияти гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонад ва ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ созад.
Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Дар баробари ба даст овардани Истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима диҳад. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат дар тули солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳу ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд.
Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифат ноил шудем.
Ин шахсияти нодир бо тарзи давлатдорӣ, туфайли сиёсати башардустона, адолатпарастӣ ва густариши фарҳанги муосири миллӣ бори дигар собит намуданд, ки тоҷикон дар ҳамаи давру замон соҳиби анъанаҳои бузурги сиёсиву давлатдорӣ буда, дар таърихи тамаддун ҳамчун кишвари сулҳдуст, босубот ва таҳаммулпазир шинохта шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори давлати навини Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ тамоми мушкилоту зиддиятҳо ва душвориҳои марзу буми тоҷик ва халқи азияткашидаро ба души худ гирифтанд. Нагузоштанд, ки хоки муқаддаси тоҷикон ба вартаи ҳалокатбори ҷанги шаҳрвандӣ фуру равад. Дар роҳи эҷоди ваҳдат ва бунёди сулҳу субот тамоми мардуми кишвар, ҳатто бадхоҳону душманони миллатро ба сулҳу салоҳ ва сари мизи таҳаммул ва андешаву орият даъват намуданд. Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, сарвари оқил ва хирадпешаи тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ормонҳои хешро туфайли заҳматҳои бемислу монанди хеш дар роҳи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, таъмини саодати мардум ва кишвари биҳиштосо роҳандозӣ ва татбиқи амал намуданд.
Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рузи Президент пазируфта шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш муттаҳид ва ба қалби мардумаш шӯълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуд.
Бо рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 31-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи Шуморо ҳамкасбони азиз ва донишҷӯёни муҳтарам, самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.