Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон вохӯрии раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода бо донишҷӯёну устодони донишкада баргузор гардид. Раиси кумита доир ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироашуда, гиромидошти арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракактҳои иртиҷоӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон бо донишҷӯён ва устодони донишкада суҳбат орост.
Ҷавонони фаъоли донишкада ба Абдулло Раҳмонзода барои суҳбати муфассалу пурмуҳтаво арзи сипос намуда, раиси кумитаро бовар кунонданд, ки ҳамкории минбаъда миёни бахши ҷавонони донишкада ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам пурсамар хоҳад гашт.
Дар охир ба ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ва гуруҳи калони ҷавонони донишкада сипосномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон супурда шуданд.