Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон таҳти унвони «Таърих, анъанаҳо ва дурнамои рушди ҳунарҳои мардумӣ» конференсияи илмӣ-назариявии сатҳи ҷумҳуриявӣ барпо гардид.

Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректори донишкада оид ба таълим Иброҳимов Муродалӣ Файзалиевич кушода, аз сол ба сол мавқеи мустаҳкам пайдо кардани илм дар донишкада изҳори қаноатмандӣ намуд.  Ва ба ин шумораи беш аз сад маърӯзаи пешниҳодшуда ба конференсияро далел донист, ки дар қиёс ба конференсияҳои соли гузашта хеле зиёд аст.

Сардори шуъбаи илми Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Темурзода дар навбати худ иштирокчиёни чорабиниро бо баргузории чунин як конференсияи бонуфузи илмӣ-назариявии сатҳи ҷумҳуриявӣ, ки аз рушди пайвастаю бомароми илм дар донишкада гувоҳӣ медиҳад ва ҳам санаи муҳими таърихии Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар мамлакат дар сатҳи олӣ таҷлил гардид, табрику муборакбод гуфт.

Баъдан дар назди ҳозирин мудири кафедраи санъатшиносии донишкада Сайфуллоева Ш.И дар мавзӯи «Санъати анъанавии сохтани гаҳвора дар таърих ва имрӯз», декани факултети дизайн Субҳон Усмонов «Мавқеи ҳунари бофандагӣ дар рӯзгори тоҷикон», Шоев М. «Дизайни графикӣ ҳамчун омили тағйирёбии муносибат ба фарҳанги мамлакат, дар мисоли Тоҷикистон» бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

Дар идома конференсия ба чаҳор бахш: забон ва фанҳои гуманитарӣ, таърих, санъатшиносӣ, технологияи иттилоотӣ ва иқтисодиёт тақсим   шуда, дар толорҳои алоҳида мутаносибан таҳти раёсати номзади илмҳои филологӣ, дотсент Саъдиева Г.Ф., доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳимов М. Ф., номзади илмҳои таърих, дотсент Одиназода Б. Э. ва номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Наҷмиддинзода А. Ю. ҷараён гирифт. Иштирокчиёни конференсия дар бисёр мавзӯъҳои алоқаманд ба ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла «Рушди ҳунарҳои занона дар шароити деҳот», «Қадимтарин ёдгориҳои коркарди бадеии чӯб дар Тоҷикистон», «Вазъи санъати гулдӯзӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Шарикии давлат ва бахши хусусӣ: муаммоҳои рушд» маърӯзаҳо шунида, донишҳои илмии худро мукаммал намуданд.