Санаи 04.02.2021 дар хобгоҳи донишкада бо иштироки сардори шуъбаи тарбия Эсанов М. мудири бахши ҷавонон Саидов Н. ва муовинони декан оид ба тарбия ва илм Сафарова З. ва Файзов А. ҷиҳати шарҳи Паёми Президент ҷаласа баргузор гардид. Ҳамзамон, сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат дар самти маориф, пешгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар ҷаласа мавриди муҳокима қарор гирифт.  Дар ҷаласа сардори шуъбаи тарбия Муҳаммадшариф Эсанов Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси олӣ шарҳу тавзеҳ дод.  Дар баробари ин мутахассиси шуъбаи тарбия Ҳасани Билолзод вобаста ба пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ баромад намуд. Иштирокчиёни ҷаласа дастгирии худро аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат якдилона изҳор намуданд.