15.10.2018.   Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” озмуни ҷумҳуриявии “Ҷавондухтари ҳунарманди сол” – ро бо иштироки донишҷӯдухтарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ташкил намуд.
Инчунин санаи 15.10.2018 дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Ҷавондухтари ҳунарманди сол” бо иштироки донишҷӯдухтарони донишкада баргузор гардид. Барои баҳогузори ҳузур доштанд аз Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мирзозода Саодат, хабарнигори рӯзномаи “Ҷавонон” Меҳрубони И. , Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимов А., муовини ректор оид ба тарбия ва равобити хориҷӣ  Муродов Исмоил., раиси Иттифоқи касабаи донишкада Усмонов Субҳонҷон., сардори шуъбаи тарбия ва равобити хориҷӣ Эсанов Муҳаммадшариф., Мудири бахши ҷавонони донишкада Саидов Наврӯз  иштирок доштанд.   Дар рафти озмун шаш нафар ҷавондухтар иштирок намуда ва ду нафари онҳо Абдуллоева Ойишабону ва Мергандова Солеҳа ба даври дуюми озмун роҳхат пайдо намуданд.