27 — майи соли равон дар толори Шӯрои олимони Донишкада маҷлиси ғайринавбатии ҳайати омӯзгорон ва кормандон гузаронида шуд. Дар аввал Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат-ректори донишкада баромад намуда, қайд кард, ки бо фитнагарии баъзе хоинони миллат ба монанди Алим Шерзамонов, Холбаш Холбашов, Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Улфатхоним Мамадшоева зери роҳбарии хоҷагони хориҷиашон, аъзо ва ҷонибдорони собиқ ҲНИ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чӣ ҳодисаҳоро ташкил карданд?! Мардумро ба гирдиҳамоӣ ва ғасби ҳокимият даъват намуданд. Сабабгори марги ҷавонон ва нооромӣ дар ҷомеа гардиданд. Барои ошкор намудани чеҳраи аслии онҳо намоиши филми мустанади “Шикасти фитна” ба навор гирифта шудааст.
Сипас, ба ҷамъомадагон филми мазкур, ки дар бораи фитнагариҳои ин нафарон намоиш дода шуд.
Дар охир ректори донишкада-Ғанизода Ҷ.Ш., қайд карданд, ки мо шаҳрвандон бояд ҳамеша сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро дастгирӣ ва пайравӣ намуда, ба аъзои оилаи худ, ҳамсоягон, насли ҷавон, хусусан донишҷӯён, ки дар муасиссаи таҳсилоти олии касбӣ кору фаъолият менамоем кӣ будани хоинони миллату давлати хешро фаҳмонем. Аз хотироти даврони ҷанги шаҳвандӣ ба онҳо қисса кунем. Дар ҳақиқат ин филм чеҳраи манфури чанде аз дилсиёҳони миллати тоҷикро фош намуд.