Институти президентӣ дар Тоҷикистон
Иститути ҳуқуқ гурӯҳи меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошанд, ки як намуди муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунанд.
Президент (аз калимаи лотинии praesidens гирифта шуда, маънояш дар сафи пеш нишаста, дар роҳбарӣ истода, роҳбарикунанда мебошад) дар давлатҳои шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ дошта роҳбари давлатро чунин меноманд.
Ҷумҳурӣ аз калимаи res/publica, яъне лотини буда маънояш кори умумии халқ мебошад.  Пеш аз оне, ки масъалаи институти президентиро баррасӣ намоем қайд намудан ба маврид аст, ки дар давлатҳои шакли идоракунии ҷумҳурӣ се шохаи мустақили ҳокиятро ҷудо мекунанд, ки ин: Қонунгузор, иҷроия ва суд.
Бояд қайд намуд, ки нақши президент дар давлатҳои шакли идоракунии ҷумҳурӣ дошта, якранг нест. Масалан: дар Франсия дар баробари Президент ҳамчунин ҳукумат – шӯрои вазирон амал мекунад, ки онро сарвазир роҳбарӣ мекунад. Дар Федератсияи Россия ҳукумат алоҳида амал намуда ба он сарвазир роҳбарӣ мекунад. Ҳукумат дар назди парламент (Думаи давлатӣ) масъул набуда, парламент аз болои он назорат намекунад. Дар ИМА бошад мақомоти қонунгузор ба парламент (Конгресс), ҳокимияти олии иҷроия ба президент ва ҳокимияти судӣ ба Суди олӣ тааллуқ дорад, дар он нақши мансаби сарвазир пешбинӣ нашудааст. Дар Тоҷикистон тибқи моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон президент сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) мебошад. Вазифаи сарвазир маъмурӣ аст.
Дар ҷумҳуриҳоии парламентӣ низ вазифаи Президент пешбинӣ шудааст, лекин дар онҳо салоҳияти ӯ маҳдуд мебошад. Масалан: Дар Ҳиндустон тариқи интихоби ҳизбҳо парламент ташкил карда мешавад. Президент аз ҷониби парламент интихоб карда мешавад. Дар баробари ин бештари санадҳои Президент аз ҷониби Сарвазир ва вазирон имзо мешавад (Олмон, Италия).
Таъсиси мансаби президентӣ дар Тоҷикистон ду давраро дар бар мегирад, ки асоси ҳуқуқии таъсиси мансаби Президент дар Тоҷикистон Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ва изҳороти Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри соли 1991 гардиданд. Дар онҳо омада буд, ки ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон тавассути мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судӣ ба амал бароварда мешавад. Татбиқи усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба таъсиси мансаби Президент замина гузошт.
Давраи якум аз соли 1990 то соли 1992-ро дар бар мегирад. Аввалин маротиба 29 ноябри соли 1990 Қонун “Дар хусуси таъсиси вазифаи Президенти ҶШС Тоҷикистон ва тартиби интихоби ӯ” муқаррар кард, ки ба мақсади таъмини вусъати минбаъдаи дигаргунсозиҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ, таҳкими сохти конститутсионӣ, ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва амнияти шаҳрвандон вазифаи Президенти Тоҷикистон таъсис дода шавад. Мувофиқи ин қонун Президенти Тоҷикистон сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, шахсе ба ин вазифа интихоб шуда метавонад, ки синнаш аз 35 кам набошад. Муқаррар карда шуд, ки Президенти аввалини Тоҷикистонро на бо роҳи интихоби умумӣ, балки бо овоздиҳии пинҳонӣ Шӯрои Олии Тоҷикистон аз ҷумлаи вакилони халқ ба мӯҳлати салоҳияти худ интихоб менамояд ва бо ҳамин роҳ аз вазифа озод карда мешавад. Дар асоси қонун Шӯрои Олии Тоҷикистон 30 ноябри соли 1990 Қ.Маҳкамовро якумин бор Президенти Тоҷикистон интихоб кард.
Баробари ин, қонун аз 1 декабри соли 1990 “Дар бораи такмили сохти ҳокимияти иҷроия ва амрдиҳанда дар ҶШС Тоҷикистон ва дохил кардани таѓйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҶШС  Тоҷикистон” ба таъсиси мансаби Президент асоси конститутсионӣ гузошт. Мувофиқи қонуни мазкур вазифаи ноиби Президент таъсис карда шуд, ки ӯро Президент таъин карда, Шӯрои Олии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Бо қарори Шӯрои Олии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1990 якумин Ноиби Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Бо мақсади самарабахш иҷро кардани ваколатҳои Президент, Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон 15 декабри соли 1990 қарор “Дар бораи таъминоти хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти ҶШС Тоҷикистон” қабул кард. Ба Президент дар вақти дар сари қудрат будани ӯ музди кор, таъминоти манзилию нақлиётӣ ва муҳофизати шахсӣ муқаррар карда шуда, таъминоти нафақавӣ ва нақлиётию манзилии ӯ дар мавриди қатъ гардидани ваколатҳои Президент умрбод муайян карда шуд.
Бо мақсади пешгирии паст задани шаъну эътибори Президенти ҶШС Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуни ҶШС Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи шаъну эътибори Президенти ҶШС Тоҷикистон” аз 29 июни соли 1991 ҳар гуна таҳқири оммавии Президент ё тӯҳмат кардани ӯро чӣ аз тарафи шахс ва чӣ аз тарафи воситаи ахбори омма кирдори ҷиноятӣ шуморида, мувофиқан ҷазоҳои лозима муқаррар карда шуд.
Бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 1991 дар асоси изҳороти шифоҳии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ. Маҳкамов, истеъфои ӯ аз вазифаи Президент қабул карда шуд. Бо ин сабаб, Шӯрои Олии Тоҷикистон 31 августи соли 1991 қарор кард, ки 27 октябри соли 1991 интихоботи умумхалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шавад.
Дар асоси ин Комиссияи ҷумҳуриявии интихобот оид ба интихоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, дар тамоми марзи Тоҷикистон ташкили 62 ҳавзаи интихоботи ташкил додашуд.
Шӯро Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 сентябри соли 1991 қонун “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард. Дар як вақт таѓйироту иловаҳо ба Конститутсияи Тоҷикистон дохил карда шуд, ки мувофиқи он шаҳрванди ҶТ, ки синнаш аз 35 боло асту дар ҷумҳурӣ 10 соли охир зиндагӣ мекунад ва ҳуқуқи интихоботӣ дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда метавонад.  Мувофиқи қонун як шахс пай дар ҳам аз ду мӯҳлат зиёдтар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда наметавонад.
Мувофиқи ин қонун 24 ноябри соли 1991 якумин интихоботи умумӣ оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки Р.Набиев ба ин вазифа интихоб карда шуд.
Бинобар муборизаҳои сиёсӣ ва нооромӣ дар мамлакат Шӯрои Олии ҶТ 27 ноябри соли 1992 қонун дар бораи даровардани таѓйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кард, ки дар он меъёрҳои конститутсионӣ дар хусуси ҳокимияти Президент бекор карда шуданд. Бо ҳамин ҳамаи санадҳое, ки ба ин масъала буд бекор шуданд.
Давраи дуюми таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соли 1994 рост меояд. Моҳи марти соли 1994 гурӯҳи кории комиссияи конститутсионӣ ду лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистонро тайёр кард, ки яке “Конститутсияи ҷумҳурии парлумонӣ”, дигаре “Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ” ном гирифтанд.
Комиссияи конститутсионӣ ба муҳокимаи халқӣ фақат лоиҳаи идораи президентиро тавсия кард. Моҳи июни соли 1994 ҷамъбасти муҳокимаи ҳамин лоиҳа аз тарафи Комиссияи конститутсионӣ дида баромада шуд.
Мувофиқи қонун “Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар ҶТ, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи ҶТ” аз 20 июли соли 1994, мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таъсис дода шуд. Шӯрои Олӣ 21 июли соли 1994 қонун “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард ва якҷоя бо раъйпурсӣ дар бораи қабули Конститутсия, интихоботи Президенти Ҷумҳурро таъин кард. Дар асоси ин қонун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи умумӣ ва мустақим 6 ноябри соли 1994 интихоб гардид. Мувофиқи Конститутсияи соли 1994 Президентро шаҳрвандон дар интихоботи умумӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб карданд.
Дар натиҷаи созиши байни Ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифини тоҷик дар раъйпурсии 6 ноябри соли 1999 ба Конститутсия таѓйироту иловаҳое дохил карда шуданд, ки дар натиҷаи он вазъи ҳуқуқӣ — конститутсионии Президенти ҶТ боз ҳам устувортар гардид. Аз ҷумла муқаррар карда шуд, ки Президентро шаҳрвандон ба мӯҳлати 7 сол интихоб менамоянд. Азбаски раъйпурсӣ оид ба ислоҳоти конститутсия якҷоя бо интихоботи Президент гузашт, шаҳрвандон Президентро дафъаи дуюм ба мӯҳлати нав интихоб намуданд. Дар натиҷаи дигаргуниҳо дар ҳама соҳаҳои фаъолияти халқ 22 июни соли 2003 боз раъйпурсӣ оид ба таѓйиру иловаҳо ба Конститутсия гузаронда шуд. Мувофиқи он боз мӯҳлати ваколати Президенти ҶТ таѓйир ёфт. Муқаррар карда шуд, ки Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба мӯҳлати 7 сол интихоб менамоянд. Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахси мансабдори олии мамлакат мебошад. Ӯ сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) буда, вазъи ҳуқуқиаш дар боби чаҳоруми Конститутсия (моддаҳои 64-72) ва қонунҳои конститутсионии Тоҷикистон танзим ёфтааст.
Президент ҳамчун Раиси Ҳукумат ба фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон роҳбарӣ намуда, барои ваколатҳояшро самаранок амалӣ намудани он тадбирҳо меандешад.