Санаҳои 29 – уми ноябри соли 2023 дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ таҳти унвони «Рушди дизайн, санъат, технология ва илмҳои гуманитарӣ дар даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» барпо гардид.
Мақсад аз гузаронидани конференсияи илмӣ-назариявии имрӯза баррасии самтҳои асосии мушкилот ва дурнамои дизайн дар Тоҷикистони муосир, рушди санъат ва санъатшиносӣ дар солҳои истиқлолият, вазъи тадриси илмҳои гуманитарӣ ва нақши онҳо дар тарбияи маънавии ҷавонон, мавқеъ ва нақши санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ дар ҷомеаи муосир, рушди технологияҳои рақамӣ ва дизайни графикӣ мебошад.
Конференсияро муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ н.и.т., дотсент Одиназода Б. Э. ифтитоҳ бахшид.
Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо баромад намуда, қайд кардаанд, ки дар мудати даҳсоли фаъолияти худ Донишкада дар самтҳои санъати тасвирӣ ва дизайн ба дастовардҳои ноил гаштаанд.
Баргузории конференсияи байналмилалиро ҳамчун дастгирии сиёсати пешгирифтаи давлат ва Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос арзёбӣ намуда, дар ин замина барпо шудани ҳамкорӣ ва шарикиро байни донишкадаву мактабҳои олии мамолики хориҷи кишвар айни муддао ҳисобид.
Дар ҷонишини директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ д.и.т., профессор Иброҳимов Муродалӣ Файзалиевич дар мавзӯи “Миҷмарҳои сафолии асримиёнагӣ ҳамчун осори санъати тасвирӣ ва падидаи фарҳанги зардуштӣ”, мудири шӯъбаи таърих, илм ва техника дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, н.и.т. Шарифзода Абдувалӣ дар мавзӯи “Кашфи нави сиккаҳои Ҳахоманишиҳо аз Тоҷикистон” ва магистранти курси якуми ихтисоси тарҳрезии бадеии либоси Донишкада Канбина Анастасия Андреевна дар мавзӯи “Тенденции и развитие моды в 80-е годы в Таджикистане (на примере г. Душанбе)” баромад намудаанд.
Дар конференсия зиёда аз 93 – мақолаҳои илмӣ дар чор бахш: бахши забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ, таърих ва санъатшиносӣ, технологияи иттилоотӣ ва иқтисод ва дизайн пешниҳод гардид.
Дар кори конференсияи мазкур тавассути пайвастшавӣ тариқи zoom дар бахши санъатшиносӣ намояндагон аз Донишгоҳи давлатии Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон ва Институти давлатии фарҳангӣ Қазони Федерасияи Россия бо маърӯза ва презентатсияҳо баромад намуданд.
Боиси таъкид аст, ки баргузории чунин онлайн-конференсия бо иштироки экспертону мутахассисон аз мамлакатҳои хориҷи кишвар бори нахуст набуда, дар донишкада гузаронидани ин гуна конференсияву форумҳо ба ҳукми анъана даромада истодааст.