Дар факултетҳои санъати тасвирӣ ва дизайни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон имтиҳонҳои зимистона шуруъ аз 14 декабр ҷараён дошта, то анҷоми онҳо рӯзҳои башумор мондааст.

Чунонки сардори шуъбаи таълими донишкада Пиров Тошмаҳмад Мирович изҳор дошт, натиҷаҳои то имрӯз ба даст омада гувоҳи онанд, ки сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён нисбат ба ҳамин давраи соли таълимии гузашта  чанд зина боло рафтааст ва то охири моҳ ҳамаи санҷишу имтиҳонҳо пурра ба охир расонда, ҷамъбаст карда хоҳанд шуд.

Дар суратҳо: рафти имтиҳонот дар факултетҳои санъати тасвирӣ ва дизайн.