Рӯзи 22 феврали соли 2019 вохӯрии намояндагони ҳифзи ҳуқуқ бо ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кормандони донишкада дар мавзӯи “Баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии кормандони муассисаву идораҳои сохтори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида шуд. Иштирок намуданд аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  судияи суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе Ҳомидзода М. ва ҳуқуқшиноси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Ф.  Дар ҷамъомади зикршуда ҷиҳати маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар асоси Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани он суханронӣ намуданд.