Аввало модарони меҳрубон, бонувон ва шогирдолни азиз шумоён ва дар шахсияти Шумо ҳамаи бонувони кишвари азизамонро ба шарафи иди фархунда-Рӯзи Модар бо камоли меҳру муҳаббат ва самимияти афзун муборакбод менамоям. Барои ҳамаи Шумоён саломатӣ, хотири ҷамъу дили беғам таманно менамоям ва доимо хоҳони он ҳастам, ки тамоми хушиҳои рӯзгор насибатон бошад.
Истиқболи Рӯзи модар аз замони шӯравӣ ба мо мерос мондааст. Дар даврони соҳибистиқлолӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 3 ноябри соли 1995, № 98 номгузории «Рӯзи байналхалқии занон» — ро ба Рӯзи модар иваз намудааст.
Ба оғози фасли баҳор рост омадани иди занон рамзи шукуфоӣ ва мазҳари зебоӣ буда, озодагиву нафосат ва сарсабзию таровати ин фаслро дучанд меафзояд. Дар ин падида рамзи амиқе ҳаст, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон пайвандӣ касб кардааст. Зеро, Зан ва Баҳор дар арсаи зиндагӣ нақши тавъам доранд. Бешак, сарчашма ва сабаби ҳастии башарият Зан – Модар аст. Бонувони иззатманди кишварамон таҷассуми хираду маърифат, одобу ахлоқи ҳамида ва ободии рӯзгору пешрафти ҳаёти ҷомеа мебошанд. Нақши созандаи бонувони кишвар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври хосса таъкид мегардад ва дастгирӣ меёбад.
Ҳоло занҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ кору фаъолият карда истодаанд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф ва илми ҶТ зиёда аз 73 фисад кормандонро бонувон ташкил медиҳанд.
Бузургии Зан – Модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камол- расонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.
Модар шахсест, ки сангинтарин гуноҳи фарзандро мебахшад ва ҳамеша ёди ӯ мекунад:
Синаи пурмеҳри Модар то абад осуда нест,
Қалби ӯ дар зери хок ҳам ёди фарзанд мекунад.
Ба занони арҷмандамон дар ин рӯзҳои фараҳафзо ривоҷу равнақ дар тамоми соҳаҳо ва ҳама хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Ид муборак бошад, занону бонувони азиз!
Субҳон Усмонов н.и.п., дотсенти ДДСТДТ