Дар сарнавишти халқи тоҷик соли 1992 чун замонаи пурфоҷиа ёд мешавад. Зеро дар он давра Тоҷикистонро ҷанги ҳамватанӣ фаро гирифта буд ва ҳамватан бо ҳамватан, ҳаммиллат бо ҳаммиллат ба ҷанг даромад. Аксари одамоне, ки аз таърих каму беш огаҳӣ доштанд, яқин карданд, ки ин давлату халқ бо ҳамин ҷанг фано меёбад. Хушбахтона, Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҷанг хотима бахшид. Ин иҷлосия, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар «Қасри Арбоб»-и хоҷагии ба номи Саидхоҷа Ўрунхоҷаеви шаҳри Хуҷанд доир шуд, дар таърихи халқи тоҷик, дар роҳи қатъ ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ва бақои миллати тоҷик дигаргунии куллӣ ворид кард. Халқи моро аз нобуд шудан ва давлати тоҷиконро аз маҳв гардидан маҳз ҳамин иҷлосияи тақдирсоз наҷот дода тавонист.
Халқи тоҷик аз он рӯзи саиду фархунда ва фирӯзу нусратбахш дар бадали 31 сол таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комёбиҳои беназирро ба даст овард. Муҳимтар он буд, ки дар ҷумҳурӣ сулҳу ваҳдат пойдор гардид ва ин сарвати бебаҳоро мо бояд ҳифз намоем ва кӯшишу ғайрати худро баҳри пешрафти тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти осоиштаи ҷомеа сафарбар созем.
Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ аз он ҷиҳат воқеаи таърихист, ки вай ба беҳокимиятии давлату ҷомеаи мо дар он рӯзҳои пурфоҷиа хотима бахшид ва ба саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин дохил гардид. Имрӯз бо гузашти айём бурду бохт, самараи неки Иҷлосияи мазкурро арзёбӣ намуда, ба хулоса омада метавонем, ки вай дар тамоми равандҳои инкишофи ҷомеа саҳми калон бозидааст.
Чуноне, дар суханронии хеш Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати яксолагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ 15 ноябри соли 1993 дар ин хусус баҳои ҳақиқӣ дода, гуфтаанд: «Дар таърихи халқи тоҷик Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олӣ ба унвони сарнавиштсоз асрҳои аср ёдоварӣ хоҳад шуд, чунки дар ҳаёти кишвар гардиши куллиро ба вуҷуд овард. Солгарди ҳар воқеаи таърихӣ фурсатест, ки ба гузаштаи хеш назар карда, бурду бохтро таҳти таҳлил қарор бидиҳем».
Он рӯзҳои фаромӯшнашаванда…
Дар он рӯзҳои вазнини соли 1992 қуввае лозим буд, ки ҳарчӣ тезтар пеши ҷангро гирад. Чунин қувва намояндагони халқ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Онҳо тавонистанд, ки дар такя ба қувваи бедории халқ, ба ҷунбиши мардуми саросари Тоҷикистон алайҳи ҷаҳолат роҳи халосиро аз бадбахтӣ дарёбанд. Маҳз ҳамин мақоми олии намояндагӣ дар вазъияти бӯҳронӣ қудрат пайдо кард, ки ихтиёри давлатдориро ба даст орад ва пеши роҳи хатари нобудиро гирад.
На дар пойтахти мамлакат – Душанбешаҳр, балки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардидани Иҷлосия аз он гувоҳӣ медод, ки дар мамлакат, аз ҷумла дар пойтахти он вазъият ниҳоят пурхатар буд, эътимоди амният мавҷуд набуд, мақомоти ҳокимият, аз ҷумла ҳокимияти қонунгузор низ ором фаъолият карда наметавонист. Он рӯзҳо ақлу хирад ва чашми баъзеҳоро ҳисси молу манол, ҷоҳу мансаб кӯр кард. Ба онҳо аз гиряю нолаи тифлони бепадару модармонда, аз нолаҳои ҷонгудози волидайни бефарзандмонда, аз донишандӯзиву илмомӯзии ҷавонон дида, вазифаю мансаб ва дороию сарват афзалтар буд.
Масъулияти бузурге бар дӯши давлати ҷавон ва сарвари боғайрати он Эмомалӣ Раҳмон афтод. Силоҳро аз дасти мардум гирифтан, гурезаҳоро ба Ватан баргардонидан, риштаҳои гусастаи иқтисодиро бо ҳам пайвастан, мардуми ҷумҳуриро бо орду ғалла таъмин кардан, қадду бари сарҳад ва амнияти давлатро устувор намудан, бо созмонҳои байналмилалӣ робита бастан, эътибори давлати тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ пойдор гардонидан, пойдевори истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакатро аз нав гузоштан ва боз ҳазору як кор дар пеш меистод, ки ҳалли яке аз дигаре заруртар буд.
Сулҳномаи сулҳу амният – ормони миллат
Ҳанӯз дар рӯзҳои нахустини интихобшавӣ ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми Тоҷикистон, алалхусус гурӯҳҳои силоҳбадаст даъват ба амал овард, ки кинаю адоватро як сӯ монда, ба гузашта салавот гуфта, ҳамдигарро бародарвор ба оғӯш бикашанд, силоҳ ба замин гузошта бо меҳнати бунёдкорона машғул шаванд. Танҳо дар заминаи муттаҳидӣ метавон Тоҷикистони азизи худро ба давлати соҳибистиқлоли ғанию мутараққӣ табдил дод.
Дар таърих ягон фоҷиае талхтар аз ҷанги байни фарзандони як миллат нест. Ва ин бори нангро танҳо бо сулҳу созиш, ободиву созандагӣ, кори хайру нияти нек, пеша кардани роҳи рост ва бахшояндагӣ метавон пӯшонд. Дар он рӯзҳои мудҳиш – айёме, ки будан ё набудани миллат ва истиқлолият ба миён омада буд, мардуми Тоҷикистон бори дигар аз сабру таҳаммули азалии худ кор гирифт ва сулҳро аз ҷанг афзалтар дониста, иқдомҳои Ҳукумати ҷумҳуриро пуштибонӣ кард. Оқибат хираду заковати аҷдодӣ ва ақли солим пирӯз шуд, сулҳу салоҳ, ваҳдату якдилӣ ва ободкориву созандагӣ сармашқи кори ҳаррӯзаи мардум гардид. Танҳо ба шарофати ҳамин мо тавонистем, ки хавфи ба сари мамлакат омадаро пешгирӣ намоем ва Тоҷикистонро аз хатари порашавӣ наҷот диҳем.
Аз ҳама дардноктару аламовараш ин буд, ки тоҷик кушту тоҷик мурд. Бар замми ин оворагиву сарсонӣ насибаш шуд, аз макони таваллуду зист, аз хоки поки сарзамини аҷдодӣ ба ғурбат афтод. Байти мазкури Нодири Нодирпур бешубҳа баёнгари ҳоли онрӯза гурезагони тоҷик аст:
Куҳандиёро, диёри ёро, аз ту кандам, вале надонам,
Агар гурезам, куҷо гурезам ва гар бимонам, куҷо бимонам?
Сад ҷаҳон ташаккур ба Пешвои муаззами мардуми тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки баъди бозгашт аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар як конфронси матбуотӣ бад–ин мазмун гуфта буд: «То он даме, ки як нафар ҳаммиллату ҳамдиёри мо дар кишвари бегона заҳри ғарибиву беватаниро мечашад, кулли тоҷикистониён ба ҳеҷ ваҷҳ осуда нахоҳанд буд».
Сулҳ барои мо муқаддас аст. Маҳз сулҳ ба мо оромӣ, хушбахтӣ, осудагӣ медиҳад. Лаҳзаҳои таъсирбахши сӯҳбату мулоқот бо мардум низ ҳамон лаҳзаҳо буданд, ки хоҳ пиру хоҳ ҷавон, новобаста аз вазъи начандон хуби моддию молӣ аз Президенту Парлумон пул ё мол талаб намекарданд, балки хоҳиш доштанд сар то сари Тоҷикистони азиз сулҳу оромӣ ҳукмрон бошад.
Ҳамин тавр баъди панҷ соли муқовимати дохилӣ, ки ба таърихи чандинасраи мамлакати мо яке аз саҳифаҳои пурфоҷиаро илова намуд, ниҳоят рӯзи умед ва эътимод ба хиради солим фаро расид. Он қасами дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ соли 1992 дар Хуҷанд баёнкардаи Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ба имзо расидани «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни тоҷикон» 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия амалӣ гардид. Имзои ин ҳуҷҷат ба муноқишаи миллӣ дар Тоҷикистон хотима гузошт.
Ба Созишнома Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ, намояндаи махсуси Муншии умумии Созмони Милали Муттаҳид дар музокироти тоҷикон Герд Меррем имзо гузоштанд.
Ҳамин тариқ, бо ибтикори Пешвои миллат ва бо дастгирии ҳамаҷонибаи халқи Тоҷикистон, ҳамчунин ҷонибдории давлатҳои кафил ва созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни тоҷикон» ба имзо расид ва ин аз дурустии роҳи муайяннамудаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
Иқтисодиёти замонавӣ – таҳкурсии давлатдорӣ
Мубориза барои ҳокимият, ки душманони дохилӣ ва берунӣ мардумро бо роҳи фиреб ба он ҷалб карда буданд, кӯшишҳои ғасби ҳокимият тавассути усулҳои ғайриқонунӣ, зӯриву зиддидемократӣ ҷомеаро тақсим карда ба ҷанги бемаънии бародаркуш расонд. Дар натиҷа одамони зиёд куштаву маҷрӯҳу бехонумон гаштанд, ба ҷумҳурӣ зарари ниҳоят зиёди сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ расонида шуд. Раванди кӯчбандии тадриҷӣ сурат гирифт. Дар натиҷа ҳазорҳо одамон, аз ҷумла мутахассисони соҳибтаҷриба ба хориҷи ҷумҳурӣ кӯч бастанд.
Вазифаи асосӣ баъди иҷлосияи таърихӣ ин пеш аз ҳама мустаҳкам кардани ҳокимияти давлатӣ, волоияти қонун, баланд бардоштани вазъи ҳаёти иқтисодӣ–иҷтимоӣ ва фарҳангӣ буд. Алалхусус, ҳифз кардани Истиқлолияти миллӣ буд. Мутаассифона, мо ба қадри истиқлолият нарасидем. Онро иддае аз фарзандони худхоҳи халқи мо кӯшиданд ба манфиати худ истифода намоянд, дар натиҷа мо ба гирдоби моҷароҳо ва ҷанги дохилӣ гирифтор шудем. Вақте, ки Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти давлатдории хеш оғоз намуд вазъи иқтисодӣ–иҷтимоии ҷумҳурии мо аз замони баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам хеле вазнинтар буд. Халқи Тоҷикистон баъди аз сар гузаронидани ҷанги шаҳрвандии соли 1992, баъди он ки ба иқтисоди миллӣ миллиардҳо доллар зарар расид, хуб дарк кард, ки сулҳу осоиш барои инсон чӣ қадру қиммате дорад.
Сад шукри бепоён, ки рӯзҳои пурдаҳшати ҷанг бебозгашт гузаштанд. Шабонгаҳон ба ҷои садои тиру туфанг хандаҳои беолоиши кӯдакон, аллаҳои ширину гӯшнавози модарон ва қаҳ–қаҳи бебоконаи дилбарон ба гӯш мерасанд.
Маънавиёт ва фарҳанги воло – гарави пешравиҳо
Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули худогоҳии фарҳангӣ заминаи қонунӣ ба вуҷуд овард. Ба шарофати истиқлолияти комили баъди ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвари азизамон, балки дар ҳаёти фарҳангию илмии ҷомеаи мо низ дигаргуниҳои назаррас ба амал омаданд. Рӯйдодҳои нави ҷомеа ба фарҳанг, ба дарки худшиносии мардуми мо нақши муайяне гузошт.
Имрӯз баъди гузашти ҷанги шаҳрвандии солҳои наваддуми асри ХХ ҷомеа ба хулоса омад, ки сабабҳои он дар баробари касодии соҳаи иқтисодиёту иҷтимоиёт, ҳамчунин ба касодии маънавиёту фарҳанг вобаста аст. Мушаххасан гӯем, паст шудани ҳисси ватандӯстӣ ва шуурнокӣ, авҷи маҳалгароӣ, сатҳи пасти фарҳангу маънавиёти мардум, хусусан ҷавонони ҳамон давра моро ба ҷанги даҳшатбор овард. Ба андешаи умум маҳз заифу паст будани маънавиёти ҷомеа моро ба чунин варта овард. Аксари ҷавонон аз фарҳангу илмомӯзӣ, касбу ҳунару такмили истеъдод дур афтоданд ва танҳо ҳисси ҷоҳу мансаб авҷ гирифта буд. Вале ҷуръати ҷавонмардонаю садоқатмандонаи як ҷавони ватандӯст дар симои Эмомалӣ Раҳмон буд, ки рустамонаю далерона ҷавонони дигарро гирди худ муттаҳид намуда, онҳоро аз вартаи хонумонсӯзи ҷангу даҳшат раҳо бахшида, ба рӯзҳои неку масъуд роҳбаладӣ кард.
Шукри бепоён, халқи тоҷик ба қадри хеш, ба қадри таъриху фарҳанги қадиму ғании худ расид ва дар ниҳояти кор ба он муваффақ гардид, ки дигарон низ ба мо на ба чашми кам, балки чун ба халқи фарҳангсолор, сарбаланд ва бунёдкор назар кунанд. Зеро истиқлолият ва худшиносии миллӣ калиди ҳамаи пешравиҳо ва комёбиҳост.
Самараи Иҷлосияи тақдирсоз
Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи таърихии худро иҷро кард ва натиҷаву самараи он аз чунин нуктаҳои асосӣ иборат аст:
- Иҷлосия барои хотима додани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарор намудани хоҷагии харобгаштаи ҷумҳурӣ таҳкурсии устувор гузошт. Тоҷикистон маҳз баъди ҳамин воқеаи сарнавиштсози таърихи халқи тоҷик ба роҳи бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд қадам гузошт. Сарвари давлат мақсад гузошт, ки тамоми гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан бармегардонад. Дар натиҷа қариб як миллион тоҷикон ба Ватан баргаштанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, мамлакат ба барқарор сохтани иқтисодиёт камар баст.
- Ин воқеаи таърихӣ имконият фароҳам овард, ки мо бо раванди барқарорсозии шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимият ва сохторҳои давлатӣ, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, баргардонидани гурезаҳо, барқарор намудани иқтисодиёт ва эҷоди санадҳои қонунии давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ шурӯъ намоем. Таҷрибаи сулҳоварии тоҷикон нишон дод, ки агар тарафҳои даргир манфиатҳои олии Ватану миллатро ба мадди аввал гузоранд, монеаҳо дар роҳи ҳамдигарфаҳмӣ ба зудӣ аз байн мераванд.
- Баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ аз ҷониби кишварҳое, ки дар арсаи байналхалқӣ нақшу нуфузи зиёд доранд, ба расмият шинохта шуд.
- Барои пойдории истиқлолияти навин ва ҳифзи якпорчагии давлати ҷавони соҳибистиқлоламон баъди Иҷлосия ба ҷумҳурӣ лозим буд, ки қувваҳои мусаллаҳи миллӣ таъсис дода, тамоми сохторҳои низомиву қудратӣ аз нав барқарор карда шавад ва ин ташаббуси наҷиб низ амалӣ гардида, соли 1993 Артиши миллии Тоҷикистон таъсис ёфт.
- Ҳаёти иқтисодӣ ва пеш аз ҳама ду соҳаи асосии он саноат ва хоҷагии қишлоқ дар рӯ ба эътидол овардани Тоҷикистони дар ҷанги шаҳрвандӣ хароб гардида мақоми бузург бозиданд.
- Яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар давлати соҳибистиқлол сохтмон ва бунёдкориҳо мебошад, ки ин ҳам ба тадриҷ амалӣ гардид.
- Ба шарофати дар амал татбиқ шудани қарорҳои Иҷлосияи сарнавиштсози XVI Шӯрои Олӣ дар тақдири занони тоҷик як саҳифаи тоза, як марҳилаи нав оғоз гардид. Дар чанд соли охир масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа бо саъю кӯшиши Ҳукумати мамлакат ба сатҳи сиёсати давлатӣ расонида шуд.
- Тоҷикистон дар ин муддат сиёсати ҷавононро яке аз масъалаҳои муҳими стратегӣ ва бехатарии давлат эълон кардааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин маротиба бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ вохӯрда, проблемаҳои ҳаёти онҳоро муфассал баён кардаанд. Инчунин, дар яке аз суханрониҳо ҷавононро ҳамчун нерӯи пешбарандаву бунёдкор ва ояндаи дурахшони давлату миллат эътироф намуданд.
- Пешрафти ҳар як миллат ва шукуфоии ҳар давлат усулан ба маърифату дониши ҳар фард ва дар маҷмӯъ ба сатҳи фарҳангии ҷомеа вобастагии қавӣ дорад. Баъди иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ якчанд санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар самти рушди соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим қабул шуданд, ки то имрӯз мавқеи назаррас доранд.
- Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои асили фарҳангӣ буда, дар эҷоду офариниши рукнҳои тамаддун, арзишҳои фарҳангӣ ва инкишофи илму дониш таҷрибаи бойи таърихӣ андӯхтаанд. Мо бояд ин анъанаҳои бойи қадимаи хешро, ки дар қарнҳои гуногун душманони мо фишор меоварданд, ҳифз кунем. Ин вазифаи бошарафро Президенти азизи мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарбаландӣ иҷро карда, рӯ ба эҳёи таъриху адабиёт ва забону фарҳанги миллат овард.
- Си соли давраи баъди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ нерӯи бузурги созандагӣ ва бунёдкории мардуми Тоҷикистонро ба зуҳур овард, сатҳи худшиносӣ, асолати ватандорӣ ва ифтихори миллии шаҳрвандони моро хеле ва хеле боло бурд. Дар ин ҷода Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бесарусомониҳои ҷумҳурӣ ва давлати фалаҷшудаи соли 1992 ӯро ба арсаи сиёсат овард, нақши бузург бозид. Хиради азалӣ ва ҳуввияти худшиносии миллиаш, ки ниҳоят баланд аст, ба халқаш эътимод бахшид, то бо роҳи пешгирифтаи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, яъне барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистони соҳибистиқлол пеш рафта, орзуву омоли чандинасраи хешро амалӣ гардонад.
Имрӯз баъди 30 сол сипарӣ шудани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо гуфта метавонем, ки иҷлосияи сарнавиштсози миллат ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат бо сарварии Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ташаккули минбаъдаи давлатдории тоҷикон заминаи устувор гузошт. Таърих худ ҳаками бузург аст ва месазад, ки имрӯз бо гузашти вақт он иҷлосияи шонздаҳуми таърихиро «наҷотбахши миллат» номем.