Бо мақсади амалӣ намудани гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Таҷрибаи ветеранҳои муҳтарам, зиндагиву фаъолияти онҳо барои мардум ва хусусан, барои наслҳои ҷавони кишвар, дар сохтмони як ҷомеаи мутамаддин ва пешрафта сабақи нодир аст» ва инчунин дар арафаи таҷлили ҷашни 10 – солагии таъсисёбии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, Раёсати Донишкада тасмим гирифтааст, ки моҳе як маротиба маҳфили илмӣ – эҷодии назди раёсат – маҳфили бузургонро баргузор намояд.
Боиси ифтихор аст, ки ин маҳфил аз гузаронидани ҷашни 65 – солагии фаъолияти илмӣ – эҷодӣ ва педагогии Устоди азиз, пири ботадбир, инсони равшанзамир, омўзгори ботаҷриба, устоди устодон Барим Неъматуллоев оғоз гардид.