Гиромидошти хотираи омӯзгор ва рассом Фаррух Хоҷаев
Гузориш аз муаррифии китоби “Муҳаббат ба ҳаёт” ( «Любовь к жизни…») доир ба рӯзгори омӯзгор ва рассоми боистеъдод марҳум Фаррух Хоҷаев
Толори калони пуродами Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон. Дар экран акси муқоваи китоб – албоми «Муҳаббат ба ҳаёт». Сурудаҳои ҳофизони халқӣ, ки рассом Фаррух Хоҷаев дӯст медошт, дар фазои толор танинандозӣ мекунад. Деворҳои толор гирдогирд бо асарҳои эҷодкардаи Фаррух Хоҷаев ва омӯзгорони донишкада оро ёфтаанд. Ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ба минбар мебарояд. Вай ба маросими муаррифии китоб-албоми тозанашр роҷеъ ба фаъолияти омӯзгорӣ ва рассомии Фаррух Хоҷаев ифтитоҳ бахшида, аз мавсуф ба ҳайси як муаллими беҳтарин, рассоми боистеъдод ва инсони дар одамият бемислу монанд ёдовар мешавад. Аз шавқмандии номаҳдуди ӯ ба касбу ҳунари худ, аз муҳаббат ба ҳаёт ва одамдӯстии Фаррух Хоҷаев самимию боҳарорат ҳарф мезанад.
Сипас, бо навбат, яке аз ташаббускорони нашри китоб-албоми “Муҳаббат ба ҳаёт” ва ташкилотчии ин ҷамъомади гиромидошти хотира, санъатшинос Манзура Улҷабоева, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳамидова, ҳамкорону ҳампешагон, онҳое, ки бо Фаррух Хоҷаев дар донишкада паҳлу ба паҳлу истода кор мекарданд – Рассоми халқии Тоҷикистон Исуф Сангов, Носирбек Назрибеков, Мизроб Холов, Эраҷ Айнӣ, Лариса Додхудоева, хоҳари Фаррух Хоҷаев – Маърифат Хоҷаева ба сухан баромада, хотираҳояшонро доир ба Фаррух Хоҷаев нақл мекунанд. Баромади хоҳари рассом Маърифат дар бораи хислатҳои накуву ҳамидаи Фаррух аз замони бачагию наврасӣ то ба давраи камолот – синни 59-солагӣ, ҳамагӣ умре, ки рассом дид, басе самимию тасхиркунанда ва ибратомӯз буда, на танҳо дар чашмони худи хоҳари дилсӯз, балки ҳама нишастагони толор сояи ғаму нам падид меоварад.
Аз рӯзи вафоти рассоми чирадаст ва омӯзгори боистеъдод, собиқ декани факултети санъати тасвирии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Фаррух Хоҷаев расо як сол сипарӣ шуд. Фаррух Хоҷаев мисли аксар рассомони тоҷик нахустин мактаби рассомии тоҷик – Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимови шаҳри Душанберо хатм карда, пас таҳсилашро дар Донишкадаи полиграфии ба номи И. Федорови шаҳри Лвови Ҷумҳурии Украина идома бахшидааст. Фаъолияти эҷодию омӯзгориашро пас аз хатми донишкада соли 1988 дар омӯзишгоҳи хатмкардаи худ, ки баъдтар номи коллеҷро гирифт, ба ҳайси рассом-омӯзгори фанни графика шурӯъ намуда буд. Баъд аз таъсисёбии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар соли 2013 Фаррух Хоҷаев ба кори донишкада гузашта, шаш соли беҳтарину пурсамартарини охири умрашро дар ин даргоҳи илму маърифат, нахустин муассисаи касбии олии омӯзиши бевоситаи касбҳои рассомию графика ва ҳайкалтарошӣ ба таълиму тарбияи шогирдон бахшид ва ҳамзамон дар баробари бисёр шогирдони бомаҳорат, аз худ ба хазинаи санъати тоҷик асарҳои зиёди воломазмуну баландғоя ба мерос гузошт.
“Рассоми рангинхаёл Фаррух Хољаев дар ҳамаи жанрҳои санъати тасвирӣ – манзаранигорӣ, натюрморт, мифологӣ, асотирӣ ва графика асар эҷод намуда бошад њам, дар санъати графика бештар комёб шудааст. Дар бисёр намоишҳои эҷодии Фаррух Хољаев ҳузур доштам ва эҳсос намудам, ки офаридањояш, аз ҷумла «Малика Клеопатра», «Гулҳо», «Нардбон», «Шутури тиллоӣ», «Лӯхтак» , «Оромӣ», «Парвоз», “Аноргул”, “Мурғи Ҳумо” ва бештари дигаре, ки дар жанри мифологӣ (устура, афсона) эҷод шудаанд, диққати касро ба худ ҷалб намуда, руҳу илҳоми тоза мебахшанд”, – мегӯяд ректори донишкада, номзади илмҳои меъморӣ Ҷамшед Ғанизода, ки аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии ин таълимгоҳи олии ҳунаромӯзӣ ташкилу баргузории чунин чорабиниҳои ибратомӯзи тарбиявӣ, назири гиромидошти хотираҳои бузургони ҷаҳони санъату ҳунарро ба роҳ мондааст.
Дар пешгуфтори китоб-албом бахшида ба гиромидошти омӯзгори варзида ва рассоми боистеъдод Фаррух Хоҷаев омадааст: “Хонандаи муҳтарам! Ту дар даст албомеро бахшида ба рассоми нотакрор ва фаромӯшнашаванда Фаррух Хоҷаев дар даст дорӣ. Ҳар як сатри он ифодаи дардолуди муҳаббат ва самимияти одамони наздиктаринест, ки чи дар овони кӯдакию наврасӣ ва чи давраи камолоти эҷодииаш бо рассом паҳлу ба паҳлу дар ҳаёт қадам задаанд. Ҳар яке Фаррухи худро дорад. Мусаллам аст, ки дар ҳар кадоми мо Фаррух қисмате аз ҷаҳонамон боқӣ мемонад. Вай аз мо рафта бошад ҳам,ба мо бо корҳои ҳайратангези худ мероси гаронбаҳое боқӣ гузоштааст. Асарҳои ӯ дар худ рӯҳ ва бузургии худи рассомро маҳфуз медоранд. Ҳар яке аз онҳо дар бораи ҷаҳони беҳудуди эҷоди афсонавию ҳайратангези рассоми бузург, ки ҳаётро дӯст медошту месароид, қисса мекунанд”.
Ҳамин тариқ, чорабинии гиромидошти хотираи рассом Фаррух Хоҷаев бо тақдими як нусхагӣ китоб-албоми “Муҳаббат ба ҳаёт…” ба ҳамаи онҳое, ки бо навиштани мақолаву аккосиҳои худ дар бораи рассоми марҳум ба нашри китоб мусоидат кардаанд, поён ёфт.
Намунаҳо аз мусаввараҳои Фаррух Хоҷаев