«Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дастовардҳои маънавию моддии мардуми шарифи мо ба феҳристи умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардида, нақши тамаддунсози миллати тоҷикро минбаъд низ боло баранд».
Дар сиёсати фарҳангӣ ва дипломатияи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлол эҳёи ҷашну маросимҳои миллӣ, ҷашнҳое, ки дар давоми асрҳо ваҳдат ва ягонагии маънавии мардумро ҳифз карда, муҳимтарин арзишҳои ҷаҳоншинохтии онҳоро аз замон ба замоне интиқол додаанд, аз мақоми арҷманде бархӯрдор аст.
Бузургдошти ҷашни Наврӯз дар сархатти ин иқдомоти фарҳангофарин қарор дорад. Дар қатори таҷлили Наврӯзи оламафрӯз бо ҳидояти муҳтарам эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои Садаву Меҳргон ва Тиргон эҳё гардиданд. Ин ҷашнҳои таърихӣ ба тақвими ҷашну маросимҳои миллӣ воридкарда шуда, таҷлили пуршукӯҳи онҳо дар саросари Тоҷикистон ба расмият даромад.
Дар воқеъ, Меҳргон, Сада ва Тиргон падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд. Сада яке аз ҷашнҳои эронитаборон ва мардуми форсизабон аст, ки дар оғози шомгоҳи 10 баҳманмоҳ (30 январи тақвими мелодӣ) баргузор мешавад. Ин рӯзро Обонрӯз мегӯянд. Мувофиқи ривояти «Шоҳнома» Ҳушанг шоҳи пешдодиён ин ҷашнро асос гузоштааст. ГӯёҲушанг ҳамроҳи дарбориёнаш дар саҳро ба море дучор меояд. Ҳушанг сӯйи мор санг меандозад. Санг бар санги дигар бархӯрда аз он оташак меҷаҳад ва ба ҳамин васила, оташ кашф мегардад. Минбаъд, одамон ба ҳамин муносибат оташ афрӯхта ба он саҷда мекарданд.
Ҷашни Сада ба оини Меҳргароӣ (Митроӣ) дуруст меояд, ки аз оини Зардуштӣ 3000-то 5000 пеш мавҷуд буд. Дар оини Зардуштӣ муқаддасоти ҷашни Сада нигоҳ дошта шуд. Сада то садаи XII ҷашн гирифта мешуд, лекин баъдҳо аз байн рафт, вале нишонаҳои он – гулхан афрӯхтан, дар гирди он базморостан ҳанӯз ҳамдар байни мардуми тоҷик ба назар мерасад.
Ҳаким Фирдавсӣ оғози ин ҷашнро ба Ҳушанг, писари Сиёмак, нисбат медиҳад:
Зи Ҳушанг мондон Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тақвими мардуми форсизабон рӯзи ҷашни Сада дар баъзе аз деҳот ҷашн гирифта мешавад. Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада назарҳо гуногун мебошанд. Баъзе муҳаққиқон ва донишмандон онро ҷашни замони ориёӣ мепиндорандва иддаи дигар падидории онро пеш аз даврони ориёиҳо медонанд. Вале ба ҳар сурат пайдоиши ҷашни Сада ва устураҳои марбут ба он ба масъалаи таҷҷамуи рӯшноӣ ва оташ вобаста мебошадва аз таҳаввули ташаккули қавмҳои ориёӣ дарак медиҳанд, ки онҳо ин ҷашнро аз пешиниён гирифтандва баъдиҳо онро то рӯзгори мо расониданд. Агар аз ин нуқтаи назар ба ҷашни Сада наздик шавем, нахуст аз ҳама моҳияти мақулаҳои хуршед, рӯшноӣ ва оташ пеши назар меоянд, ки ҳар кадомаш ба ҳаёти инсон ва табиат вобастагии хос доранд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки маҳз ба воситаи рӯшноии Хуршед тамоми мавҷудотиолам зинда аст ва ҳаракат мекунад. Дар ин бора Пешвои миллат дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: «Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва ба таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар буданд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед, чун унсури тавоно муқаддасдониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Ҷашни Сада бо собиқаи 3000-то 5000 ҳазорсолаи худ ба унвони рамзе аз фарҳанг ва мероси муштараки эронитаборон махсусан тоҷикон ба ҳисоб меравад.
«Ҷашни Сада» бо ташаббуси муштараки Тоҷикистон, Эрон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Туркия 6-уми декабри 2023 ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО воридкарда шуд, ки ин яканъанаи қадимии эронитаборон мебошад, ки бахшида ба «Обонрӯз» дар оғози зимистон баргузор мегардад. Дохил шудан ба феҳристи ЮНЕСКО аҳамияти фарҳангии ин анъанаро ба таври байналмилалӣ таъкид менамояд.
Ҷашни Сада ҷойгоҳи муҳиме дар дипломатияи фарҳангӣ ёфтааст ва ба унвони ҷашни миллӣ фаротар аз марзҳои мазҳабӣ, рамзи пайванди миллатҳо, гиромидошти табиат ва оташ ва сармояе барои ҳамбастагии миллӣи мардуми эронитабор дар сатҳи ҷаҳонӣ матраҳ аст ва аз ин ру, пуле барои тақвияти “дипломатияи фарҳангӣ” миёни миллатҳо табдил шудааст.
Ҷойгоҳи ҷашни Садаро дар дипломатияи фарҳангӣ чунин арзёби менамоянд: рамзи Эрони фарҳангӣ. Ҷашни Сада, монанди Наврӯз, шаби Ялдо ва Меҳргон, бахше аз мероси муштараки миллатҳо аст ва ба рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ дар сатҳи байналмилалӣ кӯмак мекунад. Сабти ҷаҳонӣ шудани Сада ба унвони мероси фарҳангӣ ва маънавии муштараки Тоҷикитон, нишондиҳандаи қудрати дипломатияи фарҳангӣ, мерос ва эҷоди пули иртиботи бо кишвраҳои дигари ҳавзаи тамаддуни форсӣ – тоҷикӣ аст.
Гарчи решаҳои он дар оини Зардуштӣ аст, аммо Сада ба унвони ҷашни миллӣ, дар миёни тамоми ақвомва ақалиятҳои мазҳабӣ (мусалмонон, зардуштиён, масеҳиён, яҳудиён…) баргузор мешавадва рамзе аз ваҳдати миллӣ аст. Сада, бо эҳтироми чаҳор унсур об, бод, хок ва оташ дар фарҳанги миллати тоҷик мебошадва ёдоварии аҳамияти покиза нигоҳ доштани муҳтти зист аст, ки бо паёмҳои ҷаҳонии имрӯза ҳамоҳанг мебошад.
Сабти ин ҷашн дар феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО аҳаммияти онро ба унвони мероси башари сабт карда ва фурсате барои муаррифии фарҳанги ғании тоҷикон ба ҷаҳон фароҳамоварда аст. Сада ёдоварии кашфи оташ тавасути Ҳушанг (бар асоси “Шоҳнома” – и Фирдавсӣ) ва рамзи нур, гармо ва рушнои аст, ки ҳамрамзи модӣ (оташ) ва ҳамрамзи маънавӣ (нури аҳуроӣ ва хирад) -ро дорад.
Ин ҷашн фурсатест барои гирдиҳамоӣ, тақсими шодӣ ва таҳкими пайвандҳои иҷтимоӣ ва хонаводагӣ дар миёни мардум аст. Фурсате барои саёҳи ва табодули фарҳангӣ – марказҳои аосии баргузории ҷашни Сада, мисли шаҳри Душанбе ва дигар шаҳрҳо фурсатебарои ҷалби алоқамандон ва сайёҳон ва муаррифии фарҳанги тоҷик аст.
Дар фароварди сухан бояд қайд намуд, ки ҷашни Сада бо доираи васеъи таърихӣ ва фарҳангии худ, фаротар аз як оини мазҳабӣ мебошадва ба абзори муҳиме дар дипломатияи фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил шудааст, ки ҳамбастагии миллӣ ва байналмилалиро рушд дода ва ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба унвони меросбар ва ҳомии тамаддун ва фарҳанг дар ҷаҳон барҷаста месозад.
мутахассуси шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус