Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фаридун” (директораш С. Шамсов) бо мақсади ҳавасманд гардонидани донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба таълиму тадриси фаъолона ва дар доираи хайру эҳсонкорӣ ду сол ин ҷониб ба даҳ нафар донишҷӯёни фаъол, маъюб ва ниёзманд моҳе 100 – сомониӣ маблағи пулӣ кӯмак мерасонд. Корхона сар аз соли нави 2022 қарор кардааст, ки шумораи чунин кӯмакгирандагони донишкадаро ба 20 нафар расонад.
Дар мактубе, ки ба номи раёсати донишкада бо имзои директори ҶДММ “Фаридун” ирсол гардидааст, аз ин тасмим хабар додаанд.