Ҷаласаи навбатии маҳфили илмии донишҷӯён ва магистрантони назди Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисоди ДДСТДТ “Менеҷери ҷавон” 11-уми декабр баргузор гардид.
Дар ҷаласаи маҳфил донишҷӯёни бахшҳои гуногуни ихтисоси Дизайни робитавӣ дар соҳаҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ, магистрантони ихтисоси Дизайни робитавӣ дар соҳаҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ иштирок намуданд. Дар кори маҳфил мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод н.и.и., дотсент Наҷмиддинзода А.Ю., н.и.п. дотсент Холиқов А., асс. Ҳасанова М.З., Шарофудинзода С.С., Файзуллоева М.М. ширкат варзиданд.
Дар маҳфил баромадҳои донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси Дизайни робитавӣ дар соҳаҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ Барнои Сафаралӣ дар мавзуи илмии “Муаммоҳои хоси ташкили механизмҳои молиякунонии ташкилотҳои буҷетӣ дар МТУМ” ва донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси Дизайни робитавӣ дар соҳаҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ Раҳмонова Шоира дар мавзуи илмии “Рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шунида шуданд.
Аз тарафи донишҷӯён ва дигар ҳозирин саволҳо доир ба мавзӯи баромаднамудаи донишҷӯён Барнои Сафаралӣ ва Раҳмонова Шоира пешниҳод гардида, посухҳои қонеъкунанда гирифта шуданд. Баромади пешниҳодгардида, ки ба масъалаи муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд, ҳамаҷониба муҳокима гардид.
Матнҳои баромадҳои пешниҳоду баррасигардида ба талаботи маводи илмӣ ҷавобгӯ шуморида шуданд ва аз ин лиҳоз барои чоп намудан тавсия дода шуданд.