Санаи 4-уми июни соли 2024 дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар ҳошияи вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо олимону муҳаққиқон ва кормандони соҳаи маориф ва илм, ки санаи 30-юми майи соли 2024 баргузор гардид, ҷаласаи васеи Шӯрои таълимӣ-методӣ ва илмӣ-эҷодии Донишкада доир гашт. Вобаста ба нуктаҳои дахлдори суханронии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ректори Донишкада номзади илмҳои меъморӣ, профессор – Ғанизода Ҷ.Ш., баромад намуда, оиди рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ ибрози андеша намуданд.
Сипас, раиси Шӯро таълими методӣ – Худойбердиева Ҷ.Ч., ва раиси Шӯрои илмӣ-эҷодӣ – Одиназода Б.Э., баромад намуда, оиди фаъолияти кории Шӯроҳои дар наздашон фаъолияткунанда ва камбудиву натиҷаҳои бадастовардашуда ҳисобот доданд.
Бояд тазаккур дод, ки Шӯроҳои мазкур мақоми коллективӣ-машваратӣ буда, вазифаи асосии онҳо баррасии масъалаҳои вобаста ба муайян намудани дурнамо ва самтҳои фаъолияти ҷории таълимию методии ва илмию эҷодии Донишкада ба ҳисоб меравад.
Дар ҷаласа ҳолати фаъолияти кории Шӯроҳо мавриди муҳокима қарор дода шуда, масъулин ҷиҳати бартарафсозии кабудиҳои ҷойдошта муваззаф гардонида шуданд.
Ҳамзамон, вазифаҳои мушаххасе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 30-юми майи соли 2024 дар назди олимону муҳаққиқон ва кормандони соҳаи маориф ва илми мамлакат гузоштанд, баррасӣ карда шуд.