Дар факултети санъати тасвирии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ – 23 феврал ва 28-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор” ҷамъомади тантанавӣ доир гардид.
Декани факултет Меҳридди Абдусаид дар баромади худ донишҷӯёну омӯзгорони факултетро ба муносибати ин ҷашни фархунда табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки ҷавонписарони бо ору номуси ДДСТДТ дар оянда низ чун имрӯз ба дифои ватан аз душман ва ҳифзи ҳар пора хоки он ҳамеша омодаанд.