Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ки 30 ноябр барпо гардид, ҳисоботи муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ Одиназода Б.Э. “Оид ба ҷамъбасти фаъолияти илмӣ ва эҷодӣ дар донишкада дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021”, мудири кафедраи тарҳрезии бадеии либос М.И. Сотникова “Дар бораи ҳолати таълим дар кафедраи тарҳрезии бадеии либос”, ахбороти садори шуъбаи тарбия М. Эсанов “Дар бораи ҳолати корҳои тарбиявӣ дар донишкада”сармутахассиси китобхона Ш. Гулзода “Дар бораи фаъолияти китобхона ва вазифаҳои он дар оянда”,инчунин масъалаҳои рӯзмарраи дохилихоҷагӣ шунида, мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Шӯро аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул кард.