Тозакории саҳни ҳавлӣ, нигоҳубини гулзорҳо ва ниҳолу дарахтони дохилу берунии бинои асосии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, 31, аз мақсади асосии ҳашари на кам аз 80 нафар кормандони хоҷагӣ ва омӯзгорони он буд, ки субҳи 25 июн ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ташкил карда шуд.
Дар натиҷа ҳама гӯшаҳои ҳавлии дохилӣ ва атрофи бинои асосии таълимии донишкада – кӯчаҳои ҳамшафати Айнӣ, Лоҳутӣ ва хиёбони Рӯдакӣ ба истиқболи санаи муҳими тақдирсози миллат-27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ тозаю озода, сабзу хуррам ва оростаю пероста гардиданд.