Беш аз 120 нафар кормандони бахши хоҷагидорӣ ва аҳли омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон имрӯз ба ҳашари рубучину тозакории даруну беруни бинои таълимӣ ва нарм кардани бехи ниҳолони ороишӣ баромаданд.
-Соли гузашта ва имсол дар донишкада қариб ҳеҷ як рӯзи шанбее набуд, ки бе ҳашари рубучину тозакорӣ гузашта бошад. Ин амал бо ташаббуси худи кормандони донишкада роҳандозӣ шудааст. Тозакорӣ яке аз рукни одатҳои деринаю ҳамидаи мардуми мост, ки бо наздик расидани иду айеме анҷом дода мешавад. Бешакку шубҳа, дар шароити пандемия ин кор аҳамияти махсус касб намудааст. Иди сисолагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриро ҳамин тавр пешвоз гирифтем ва насиб бошад, 35-солагии истиқлолиятро низ чунин истиқбол хоҳем кард, – мегӯяд муовини ректори донишкада доир ба иқтисод ва иҷтимоиёт Давлатёр Шералиев.
Дар суратҳо: лаҳзаҳо аз рубучину тозакорӣ дар атрофи донишкада