Ҳашари навбатии тозакорӣ ва сабзу хуррамгардонии муҳити атрофи коргоҳ аз ҷониби ҳайати омӯзгорону кормандони хоҷагӣ ва гурӯҳи донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар доираи иқдоми раиси шаҳри Душанбе доир ба 150 рӯзи ободонӣ дар пойтахт таҳти унвони “Хуррамгардонии Душанбешаҳр-рисолати ҳар як сокини пойтахт” ба рӯзи якшабеи 15 марти соли равон рост омад.
Дар ин рӯз устодону донишҷӯён ва кормандони хоҷагии донишкада дар ҳудуди бинои таълимӣ ва хобгоҳи донишҷӯён ва қисмате аз кӯчаҳои ба таълимгоҳ ҳамшафати ба номи Айнӣ ва Лоҳутӣ маъракаи тозакорию сабзу хуррамгардонӣ анҷом доданд.
Бо фарорасии фасли баҳор ва иди Наврӯзи хуҷастапай чунин ҳашарҳо дар донишка вусъати тоза касб мекунанд. Ҳар рӯзи шанбе дар ин ҷо гурӯҳи калони устодону донишҷӯён ба маъракаи тозакорию сабзу хуррамгардонӣ мебароянд.
Маъракае, ки рӯзи якшанбеи 15 март сурат гирифт, ғайринавбатӣ буда, бо амри дилу хоҳиши худи кормандони донишкада бинобар наздик омадани иди баҳор – Наврӯз иқдом карда шуд.