Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамоиши муҳими маърифатӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии омӯзгорону донишҷӯён, ҳамчунин таҳкими нақши занон дар ҷомеа доир шуд.
Дар ҳамоиш Давлатзода Гулнора Шариф, муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилалии Донишкада, Умарова Гулҷаҳон, сардори Раёсати ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Боғигул Исломова, сармутахассиси шуъбаи ташкилии ҳамин Кумита иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҳамоишро Давлатзода Гулнора Шариф ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ нуктаҳои калидии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор дода, таъкид намуд, ки Паём ҳамчун санади муҳимми стратегӣ самтҳои асосии рушди кишварро дар соҳаҳои иқтисод, иҷтимоӣ, фарҳанг ва маориф муайян намуда, барои тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус ҷавонон ва занон, роҳнамо мебошад.
Баъдан, сухан ба намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Умарова Гулҷаҳон зимни баромади худ ба масъалаи мақому нақши зан дар сиёсати давлатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, зикр кард, ки дар Паёми Пешвои миллат ба таҳкими мавқеи иҷтимоии занон, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шудааст.
Дар идома, Боғигул Исломова перомуни масъалаҳои тарбияи насли наврас, таҳкими оила, боло бурдани фарҳанги ҳуқуқӣ ва масъулияти иҷтимоии шаҳрвандон андешаҳои худро баён намуда, таъкид кард, ки муассисаҳои таълимӣ дар татбиқи амалии ҳадафҳои дар Паём зикршуда нақши калидӣ доранд.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён атрофи масъалаҳои муҳими дар Паём баррасишуда, аз ҷумла рушди маърифати сиёсӣ, тарбияи ватандӯстӣ, таҳкими нақши зан дар ҷомеа ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар пешрафти давлату миллат мубодилаи афкор анҷом доданд.
Дар фарҷом зикр гардид, ки чунин ҳамоишҳо ба беҳтар дарк намудани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуда, ҳисси масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъолонаи ҷомеаро дар татбиқи сиёсати давлатӣ тақвият мебахшанд.