Дар асоси нақша чорабиниҳои самти илм инноватсияи бо якҷоягӣ кормандон ва омӯзгорони факултети санъати тасвирӣ дар таърихи 31-уми январи соати 1000 дар қироатхонаи китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамоиш илмӣ дар мавзӯи Асарҳои Пешвои миллат роҳнамои донишҷӯён баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳӣ мудири китобхонаОдинабеков Умед ҳусни оғоз бахшид.
Раҳмонов Ҷаҳонгир-сардори шуъбаи умумӣ ва назаорат дар мавзӯи “Илму маориф – масъалаи меҳварии паёми Пешвои миллат”, Хостихудоева Оиша дар мавзӯи “Соли маърифати ҳуқуқӣ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст” маъруза карданд.
Сипас баъди ҳамоиши илмӣ Сайфуллоева Шаҳноза- сардори шуъбаи илм ва корҳои эҷодӣ қайд намуданди ки Пешвои миллат дар ҳар як паёмашон доир ба соҳаи илму маорифи кишвар ташаббусу пешниҳодҳои наҷибонае анҷом медиҳанд, ки эълони озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм -фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман!”, ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”дар бораи ҷалби донишҷӯён дастуру супоришҳои Пешвои миллатро фаҳмонда дод.