4 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид.
Боиси ифтихори бузург ва сарфарозии тамоми омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аст, ки дар даври ниҳоии озмун 14 нафар донишҷӯёни мо сазовори ҷойҳои гуногун гардиданд.
ШОҲҶОИЗА дар номинатсияи “Санъати тасвирӣ”:
Раҷабова Файзигул Тоҷиддиновна
Номинатсияи санъати тасвирӣ, жанри санъати тасвирӣ аз 18 то 35-сола (мусаввирӣ, мусаввирии монументалӣ, ҳайкалтарошӣ, граффикаи дастгоҳӣ, миниатюра):
1. Муминова Сабрина Исроиловна – ҷойи 1;
2. Расули Малика Беҳрзовна – ҷойи 2;
3. Бобораҷабзода Мастона Дилшод – ҷойи 3.
Номинатсияи санъати тасвирӣ, жанри санъати ороиши амалӣ аз 18 то 35-сола (наққошӣ, кулолгарӣ, маҳсулоти бадеӣ аз метал, коркарди бадеии чӯб, масолеҳи сангӣ, гаҷкорӣ):
1. Боймуродов Беҳрӯз Баҳодурович – ҷойи 1;
2. Мирзоев Ҳамроз Шоҳусайнович – ҷойи 2;
3. Убайдзода Комрон Раҳмат – ҷойи 3.
Номинатсияи дизайн аз 18 то 35-сола (жанри дизайни графикӣ, реклама, ороиши дохили бино ва меъмории манзаравӣ):
1. Маҳмадалиев Хушнуд Зокирҷонович – ҷойи 2;
2. Ҳаит Исмоил – ҷойи 3.
Номинатсияи дизайн аз 18 то 22-сола (жанри дизайни мӯлди либос ва бофандагии бадеӣ):
1. Раҳмонқулова Нозанин Исматовна – ҷойи 1;
2. Бобоҷонзода Фарзона Аловиддин – ҷойи 2;
3. Ганҷинаи Нусратулло – ҷойи 3;
4. Миракова Шарофатмоҳ Ҳусайновна – ҷойи 3;
Дар маросими ҷоизасупорӣ ғолиби асосӣ — соҳиби Шоҳҷоиза бо маблағи 100 ҳазор сомонӣ ва ғолибони дигар жанрҳо- ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо 70 000 сомонӣ, 50 000 сомонӣ ва 30 000 сомонӣ, Диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд.
Ин муваффақият, пеш аз ҳама, самараи Истиқлоли давлатӣ ва натиҷаи заҳмату талоши пайвастаи донишҷӯёни боистеъдод, устодони фидокор, дастгирии роҳбарият ва муҳити солими эҷодии Донишкада мебошад.
Бояд гуфт, ки имрӯз Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон — Ватани азизи ман” ба як саҳнаи бузурги бозёфт ва рӯнамоии чеҳраҳои нави ҳунар табдил ёфтааст, ки дар он садҳо ҷавонони кишвар бо муҳаббат ба Ватан, забон, фарҳанг ва мусиқӣ озмуда мешаванд. Иштироки донишҷӯёни Донишкада ва ба ҷойҳои намоён сазовор гардидани онҳо бори дигар собит сохт, ки ин боргоҳи маърифат ва ҳунар на танҳо маркази таълим, балки чароғи равшанкунандаи роҳи ҳунар ва фарҳанг дар кишвар мебошад.
Раёсати Донишкада ҳамеша талош менамояд, ки донишҷӯёни лаёқатмандро тарбия карда, ба саҳнаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ роҳнамоӣ намояд. Муваффақияти мазкур дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» — натиҷаи ҳамбастагии илму ҳунар, маҳорати волои иҷрокунандагӣ ва садоқати устодону шогирдони мо мебошад.
Роҳбарият ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишкада ҳамаи ғолибон, устодон ва иштирокчиёни озмунро бо ин муваффақияти бузург сидқан табрик мегӯянд! Пирӯзиҳои нав, саҳнаҳои баланд ва ҳунари истеъдод ҳамеша ҳамроҳи шумо бод!