Рассом Наҷмиддинов Карим рассом ва дизайнерест, ки дар ин самт бисёр комёб шудааст. Ӯ бештар дар равияи “абстраксионизм” асар офаридааст. Ин равандро бинандаи одӣ дарк карда наметавонад. Бинобар ин, онро ҷараёни хушку бемаънӣ меноманд. Дар абстраксионизм ду самти мушаххасро ҷудо менамоянд.
-абстраксияи геометрӣ, ки ғолибан бар тарҳу шаклҳои аниқкашидашуда асос ёфтаанд (К. Малевич, П. Мондриан).
-абстраксияи лирикӣ, ки дар он композитсия тибқи ашколи озоди ҷорӣ ифода меёбанд (Кандинский).
Карим Наҷмидинов дар бисёр жанрҳои санъати тасвирӣ (натюрморт, чеҳранигорӣ, манзаранигорӣ) асар офаридааст. Ҳар як асари офаридаи ӯ мазмуну мундариҷаи мушаххаси хосеро доро мебошад.
Ритм
(2005, катон, рангҳои равғанӣ, 60х70см)
Дар мусаввараи “Ритм” муаллиф аз рангҳои гарму сард дар таносуб бамаврид истифода намудааст. Дар ранганигории асар аз равшанию тирагӣ хеле моҳирона кор гирифтааст, ки ин усул мавзӯи асарро мекушояд. Яъне дар асар гап дар чӣ рафта истодааст? Асоси назму мавзунияти мусиқиро бо ранги сиёҳ ва ҷоисти онро бо ранги зард, тарҳи замини ангораро бо ранги осмонии баланд ифода намудааст, то ки назаррабоии рангҳо аз тарафи бинанда баръало ҳис карда шавад.
Карим Наҷмиддинов дар мусаввараҳои худ ҳаракат, нуқтаи назар, тарзи исту гардиш ва нуқтаҳои гуногунро ба воситаи андудани ранг ва бо ҳаракати мӯйқалам инъикос кардааст. Рассом тавонистааст, ки ба воситаи рангҳо ба бинанда оромиш диҳад. Агар ба мусаввара диққат диҳед, мебинед, ки гӯё мавҷи тӯғёне дар баҳр бошад ва ин дар мусиқӣ тавозуни баландшавиро ифода менамояд. Рассом ин ҳолатро бо ранги сабзи торик ва ранги сиёҳ инъикос намудааст. Фаъолияти озодонаи муаллиф дар эҷоди асар ба мо имкон медиҳад, ки ҳамаи ҳолатҳои мавҷударо дар асл инъикос намояд.
Ёғибекова Б . Сайфуллоева Ш. Омӯзгорони
кафедраи санъатшиносии ДДСТДТ