Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон менамояд:
Мудирони кафедра
1. Мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод-1 ҷой
2. Мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ-1 ҷой
3. Мудири кафедраи дизайн ва меъморӣ-1 ҷой
4. Мудири кафедраи тарҳрезии бадеии либос-1 ҷой
5. Мудири кафедраи графика ва миниатюраи ба номи Фаррух Хоҷаев-1 ҷой
Профессор-номзади илм
6. Кафедраи тарҳрезии бадеии либос-1 ҷой
Номзади илм, дотсент
7. Кафедраи тарҳрезии бадеии либос-2 ҷой
8. Кафедраи дизайн ва меъморӣ-1 ҷой
9. Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ-1 ҷой
10. Кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ-1 ҷой
Муаллими калон
11. Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ-1ҷой
Талаботи махсус
Барои ишғоли вазифаи мудири кафедра:
-доктори илм ва ё номзадони илм, профессор ва ё дотсент бошад;
– бо унвони ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ё собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (Рассоми халқии Тоҷикистон, Аарбоби ҳунари Тоҷикистон) сазовор гардида, ё барандаи ҷоизаи (дипломи) на камтар аз ду намоишгоҳ, озмун ё ҷашнвораи байналмилалӣ ва ё ҷумҳуриявӣ аз рӯйи соҳаҳои муайяни санъат бошанд;
-на кам аз 5 сол собиқи кори илмӣ-педагогӣ дошта бошад, равия ва ихтисоси базавӣ ба равияи фаъолияти кафедра мувофиқ бошад, дар 5 соли охир муаллиф ё ҳаммуаллифи 1 китоби дарсӣ ва ё на кам аз 2 дастурамали таълимию методӣ, ки нашр шудаанд, 1 монография (бобҳои монографияи гуруҳӣ), 2 мақолаҳои илмӣ ё корҳои эҷодӣ ва ё 2 фишурдаи баромадҳои (тезис) семинару конференсияҳо бошад.
Барои ишғоли вазифаи профессор-номзади илми кафедра:
– собиқаи кори илмӣ-педагогии на кам аз 10 сол дорад ва аз он на камтар аз 5 сол дар мактаби олӣ, дорои дараҷаи доктори илм аз рӯи равияи кафедра (ё унвонҳои ифтихории Арбоби ҳунари Тоҷикистон (ИҶШС), Рассоми халқии Тоҷикистон (ИҶШС)) ва соҳиби унвони дотсент бошад;
-дар 5 соли охир муаллиф ва ё дар ҳаммуаллифӣ 1 китоби дарсӣ ё маводи таълимӣ (аз рӯи фанҳое, ки лексия мехонанд ё ба равияи кафедра мувофиқ аст), 2 дастурамалҳои таълимию методӣ, 1 монография (бобҳои монография), 3 мақолаҳои илмӣ ё корҳои эҷодӣ бошад, таҳти роҳбариаш 1 нафар аспирант ё унвонҷӯ рисолаи худро дифоъ намуда, 1 нафари дигар кори илмии худро иҷро карда истода бошад.
Барои ишғоли вазифаи номзади илм, дотсенти кафедра:
– ихтисоси базавӣ ба равияи кафедра мувофиқ буда, дорои собиқаи кори илмӣ-педагогии на кам аз 5 сол, ки аз он на камтар аз 3 солаш дар мактаби олӣ ва соҳиби дараҷаи доктор ё номзади илм (ё унвонҳои ифтихории Арбоби ҳунари Тоҷикистон (ИҶШС), Рассоми халқии Тоҷикистон (ИҶШС)) бошад;
– дар 5 соли охир муаллиф ё ҳаммуаллифи 1 китоби дарсӣ ва ё на кам аз 2 дастурамали таълимию методӣ, 1 монография (бобҳои монография), 2 мақолаҳои илмӣ ё корҳои эҷодӣ ва 2 фишурдаи баромадҳои (тезис) семинару конференсияҳо бошад;
-ба таври истисно мутахассисони баландихтисоси истеҳсолот ва омӯзгорони дорои собиқаи калони кории илмӣ-педагогӣ ва амалӣ (на кам аз 10 сол) ва инчунин ходимони калони илмии пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ.
Барои ишғоли вазифаи муаллими калони кафедра:
-ихтисоси базавиаш ба равияи кафедра мувофиқ буда, собиқаи кори илмӣ-педагогиаш на кам аз 5 сол ва ё дараҷаи номзади илм дошта бошад;
– 5 соли охир муаллиф ё ҳаммуаллифи 1 дастурамали таълимию методӣ, 1 мақолаи илмӣ ё корҳои эҷодӣ ва ё 2 фишурдаи баромадҳои (тезис) семинару конференсияҳо бошад.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои озмун пешниҳодшаванда:
– Ариза ба номи ректор барои иштирок дар озмун
– Нусхаи шиноснома
– Нусхаи диплом бо замимааш
– Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ
– Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрӣ
– Варақаи шахсӣ
– Тарҷумаи ҳол (бо забони тоҷикӣ)
– 4-дона сурати ¾
– Маълумотномаи тиббӣ (шакли 0,38-У)
– Маълумотномаи оиди доғи судӣ надоштан
– Папка файл
– Нусхаи гувоҳнома дар бораи РМА
– СИН (суғуртаи иҷтимоии нафақа)
– Ҳуҷҷатҳои дигар оиди доштани унвонҳои илмӣ ва мукофотҳои давлатӣ
Суроға барои қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ 31, шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, телефон барои тамос:227-58-77.
Эзоҳ: муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо дар давоми 21 рӯз пас аз нашри эълон.