Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои ишғоли вазифаи зерин озмун эълон менамояд:
Мудири кафедра
- Мудири кафедраи санъатшиносӣ-1 ҷой
Талабот барои ишғоли вазифаи мудири кафедра:
-доктори илм ва ё номзадони илм, профессор ва ё дотсент бошад;
– бо унвони ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ё собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (Рассоми халқии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон) сазовор гардида, ё барандаи ҷоизаи (дипломи) на камтар аз ду намоишгоҳ, озмун ё ҷашнвораи байналмилалӣ ва ё ҷумҳуриявӣ аз рўйи соҳаҳои муайяни санъат бошанд;
-на кам аз 5 сол собиқи кори илмӣ-педагогӣ дошта бошад, равия ва ихтисоси базавӣ ба равияи фаъолияти кафедра мувофиқ бошад, дар 5 соли охир муаллиф ё ҳаммуаллифи 1 китоби дарсӣ ва ё на кам аз 2 дастурамали таълимию методӣ, ки нашр шудаанд, 1 монография (бобҳои монографияи гуруҳӣ), 2 мақолаҳои илмӣ ё корҳои эҷодӣ ва ё 2 фишурдаи баромадҳои (тезис) семинару конференсияҳо бошад.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои озмун пешниҳодшаванда:
- ариза ба номи ректор барои иштирок дар озмун
- дар ҷузвдони алоҳида (папка файл) ҳуҷҷатҳои зерин замима карда шаванд:
- нусхаи шиноснома
- 4 дона сурати ¾
- варақаи шахсӣ;
- тарҷумаи ҳол (бо забони тоҷикӣ);
- нусхаи диплом бо замимааш, дараҷаи академӣ ва илмӣ, шаҳодатнома дар бораи унвони илмӣ, ки бо тартиби муайянгардида тасдиқ карда шудаанд;
- рўйхати корҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва эҷодӣ (шакли №16);
- тавсифнома аз ҷойи кори охирин;
- маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- Талабот барои шахсоне, ки дар Донишкада фаъолият менамоянд, танҳо ариза ба номи ректор ҷиҳати дар озмун иштирок намудан, маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан ва пешниҳоди рӯйхати корҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва эҷодӣ (шакли №16) мебошад.
Суроға барои қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ 31, шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, телефон барои тамос: 227-58-77.
Эзоҳ: муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо дар давоми 30 рӯз пас аз нашри эълон.