Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон менамояд:
Мудири кафедра
- Мудири кафедраи санъатшиносӣ-1 ҷой
Профессор, номзади илм
- Кафедраи санъатшиносӣ-1 ҷой (дар равияи илмҳои ҷамъиятшиносӣ (таърих))
Муаллими калон, номзади илм
- Кафедраи санъатшиносӣ-2 ҷой (дар равияи илмҳои ҷамъиятшиносӣ (таърих))
- Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод-1 ҷой дар равияи илмҳои табиӣ (физикаю математика))
Дотсент, номзади илм
Кафедраи санъатшиносӣ-1 ҷой (дар равияи илмҳои ҷамъиятшиносӣ (таърих))
Дотсент (бе унвони илмӣ)
- Кафедраи дизайн ва меъморӣ ба номи Карим Наҷмиддинов-1 ҷой (дар равияи дизайн ва меъморӣ)
- Кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ- 1 ҷой (дар равияи рассомӣ)
- Кафедраи графика ва миниатюраи ба номи Фаррух Хоҷаев-1 ҷой (1 ҷой дар равияи миниатюра)
- Кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ-1 ҷой (1 ҷой дар равияи наққошӣ)
Муаллими калон
- Кафедраи дизайн ва меъморӣ ба номи Карим Наҷмиддинов-1 ҷой (дар равияи меъморӣ)
- Кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ-1 ҷой (дар равияи рассомӣ)
- Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод-3 ҷой (2 ҷой дар равияи технологияи иттилоотӣ, 1 ҷой дар равияи иқтисодӣ)
- Кафедраи графика ва миниатюраи ба номи Фаррух Хоҷаев-1 ҷой (1 ҷой дар равияи графика)
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои озмун пешниҳодшаванда:
- ариза ба номи ректор барои иштирок дар озмун
- дар љузвадони алоҳида (папка файл) ҳуљљатҳои зерин замима карда шаванд:
- нусхаи шиноснома
- 4 дона сурати ¾
- варақаи шахсӣ;
- тарҷумаи ҳол (бо забони тоҷикӣ);
- нусхаи диплом бо замимааш, дараљаи академӣ ва илмӣ, шаҳодатнома дар бораи унвони илмӣ, ки бо тартиби муайянгардида тасдиқ карда шудаанд;
- рўйхати корҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва эҷодӣ (шакли №16);
- тавсифнома аз љойи кори охирин;
- маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- Талабот барои шахсоне, ки дар Донишкада фаъолият менамоянд, танҳо ариза ба номи ректор ҷиҳати дар озмун иштирок намудан, маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан ва пешниҳоди рўйхати корҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва эҷодӣ (шакли №16) мебошад.
Суроға барои қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ 31, шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, телефон барои тамос: 227-58-77.
Эзоҳ: муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо дар давоми 30 рӯз пас аз нашри эълон.