Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон менамояд:
Мудирони кафедра
- Мудири кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ-1 ҷой
- Мудири кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ-1 ҷой
- Мудири кафедраи тарҳрезии бадеии либос-1 ҷой
- Мудири кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ-1 ҷой
Профессор (бе унвони илмӣ)
- Кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ -1 ҷой
Номзади илм, дотсент
- Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ-1 ҷой (дар равияи илмҳои филологӣ (забони русӣ))
Дотсент (бе унвони илмӣ)
- Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ-1 ҷой (дар равияи илмҳои филологӣ (забони тоҷикӣ))
Муаллими калон
- Кафедраи забонҳо ва фанҳои гуманитарӣ-2 ҷой (1 ҷой дар равияи илмҳои педагогӣ, 1 ҷой дар самти илмҳои ҳуқуқшиносӣ)
- Кафедраи тарҳрезии бадеии либос-1 ҷой (дар равияи дизайни либос)
- Кафедраи дизайн ва меъморӣ-3 ҷой (1 ҷой дар равияи дизайн, 2 ҷой дар равияи меъморӣ)
- Кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ-1 ҷой
- Кафедраи санъати ороиши амалӣ ва монументалӣ-2 ҷой (дар равияи санъати ороиши амалӣ)
- Кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод- 4 ҷой (1 ҷой дар равияи информатика, 1 ҷой дар равияи математика, 2 ҷой дар равияи иқтисодӣ)
- Кафедраи санъатшиносӣ- 1 ҷой (дар самти таърихи санъат)
- Кафедраи графика ва миниатюраи ба номи Фаррух Хоҷаев-2 ҷой (1 ҷой дар равияи графика, 1 ҷой дар равияи миниатюра)
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои озмун пешниҳодшаванда:
- ариза ба номи ректор барои иштирок дар озмун
- дар ҷузвадони алоҳида (папка файл) ҳуҷҷатҳои зерин замима карда шаванд:
- нусхаи шиноснома
- 4 дона сурати ¾
- варақаи шахсӣ;
- тарҷумаи ҳол (бо забони тоҷикӣ);
- нусхаи диплом бо замимааш, дараҷаи академӣ ва илмӣ, шаҳодатнома дар бораи унвони илмӣ, ки бо тартиби муайянгардида тасдиқ карда шудаанд;
- рўйхати корҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва эҷодӣ (шакли №16);
- тавсифнома аз ҷойи кори охирин;
- маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- Талабот барои шахсоне, ки дар донишкада фаъолият менамоянд, танҳо ариза ба номи ректор ҷиҳати дар озмун иштирок намудан, маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан ва пешниҳоди рўйхати корҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва эҷодӣ (шакли №16) мебошад.
Суроға барои қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ 31, шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, телефон барои тамос: 227-58-77.
Эзоҳ: муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо дар давоми 30 рӯз пас аз нашри эълон.