Муассисаи давлатии таҳсилоти олиии касбии “Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон” барои ишғоли вазифаҳои зерин озмун эълон менамояд:
Мудири кафедра
1. Мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод-1 ҷой
2. Мудири кафедраи графика ва миниатюраи ба номи Фаррух Хоҷаев-1 ҷой
Талабот барои ишғоли вазифаи мудири кафедра:
-доктори илм ва ё номзадони илм, профессор ва ё дотсент бошад;
-бо унвони ифтихории Љумњурии Тољикистон, собиќ Иттињоди Шўравї ё собиќ љумњурињои иттифоќї (Рассоми халќии Тоҷикистон, Арбоби ҳунари Тоҷикистон) сазовор гардида, ё барандаи љоизаи (дипломи) на камтар аз ду намоишгоњ, озмун ё љашнвораи байналмилалї ва ё љумњуриявї аз рўйи соњањои муайяни санъат бошанд;
–собиќаи кори илмї-педагогӣ ва эҷодии довталаб барои ишѓоли вазифаи холии мудири кафедра бояд на кам аз 5 сол бошад, равия ва ихтисоси базавиаш ба равияи фаъолияти кафедра мувофиќ бошад, ҳамчунин дар 5 соли охир муаллиф ё њаммуаллифи на кам аз 2 дастурамали таълимию методї, ки бо тавсияи Шӯрои методии Донишкада нашр шудаанд, 1 монография (бобњои монографияи гурӯҳӣ), 2 маќолањои илмї ё корҳои эҷодӣ ва ё 2 фишурдаи баромад (тезис) – ҳои семинару конференсияњо бошад;
–доштани китоб ва албомҳои нашршуда, ки ба эҷодиёти вай бахшида шудаанд;
– иштирокчии намоишҳои эҷодии фардӣ ё гурӯҳии сатҳи ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ, ҳамчунин доштани албоми чопшуда ё буклети расмӣ.
Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои озмун пешниҳодшаванда:
- ариза ба номи ректор барои иштирок дар озмун;
- дар љузвдони алоњида (папка файл) њуљљатњои зерин замима карда шаванд:
- нусхаи шиноснома;
- 4 дона сурати ¾;
- вараќаи шахсї;
- тарҷумаи њол (бо забони тоҷикӣ);
- нусхаи диплом бо замимааш, дараљаи академї ва илмї, шањодатнома дар бораи дараҷа ва унвони илмї, ки бо тартиби муайянгардида тасдиќ карда шудаанд;
- рўйхати корњои илмї, таълимї-методї ва эҷодӣ (шакли №16);
- тавсифнома аз љойи кори охирин;
- маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан;
- нусхаи дафтарчаи мењнатї;
- талабот барои шахсоне, ки дар Донишкада фаъолият менамоянд, танҳо ариза ба номи ректор ҷиҳати дар озмун иштирок намудан, маълумотнома оиди доғи судӣ надоштан ва пешниҳоди рўйхати корњои илмї, таълимї-методӣ ва эҷодӣ (шакли №16) мебошад.
Суроға барои қабули ҳуҷҷатҳо:
Шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Айнӣ 31, шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус, телефон барои тамос: 227-58-77.
Эзоҳ: муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо дар давоми 30 рӯз пас аз нашри эълон.
