Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамасола чун анъана Намоиши мӯд таҳти унвони “Аз Наврӯз то Наврӯз”, дар толори намоишии донишкада баргузор мегардад. Дар намоиш коллексияҳои либосҳои занонаи муаллифӣ ва гурӯҳии донишҷӯён пешниҳод мегардад. Либосҳо бо сабку услуби хоси миллӣ ва эҷодкорона таҳия гардидаанд.