Санаи 1-уми апрели соли 2024 дар толори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишкада таҳти роҳбарии раиси Шӯро, номзади илмҳои меъморӣ, ректор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат баргузор гардид. Масъалаҳо дар бораи фаъолияти факултаи санъати тасвирӣ, кафедраи мусаввирӣ ва ҳайкалтарошӣ, бахши магистратура ва рафти иҷрои рисолаҳои хатм дар кафедраҳои тахассусӣ дар соли таҳсили 2023-2024 мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Дар баромади музокирачиён қайд карда шуд, ки барои пешравиҳо дар раванди таълим ва аёнияти иҷрои амалии вазифаҳои пешгузошта дар боби ҳунаромӯзии донишчӯён, ташкили намоишҳои эҷодӣ ва ривоҷи корҳои илмию эҷодии омӯзгорон, барои тарғибу ташвиқи ин корҳо таваҷӯҳи махсус дода шудааст. Баъд аз баромади омӯзгорон Раёсати ДДСТДТ барои меҳнати бисёрсола ва бенуқсон, хизматҳои пурмаҳсулу шоиста, дастовардҳои илмӣ-педагогӣ дар раванди таълим, саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумӯи соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, инчунин бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз кормандон ва омӯзгоронро бо ифтихорнома сарфароз гардонид. Шӯрои олимон фаъолияти факултету кафедраҳои муҳокимашударо дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобида, доир ба ҳар яки он қарори дахлдор қабул намуд. Масъулини факултету кафедраҳо, шуъбаи илм, корҳои эҷодӣ ва инноватсия вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.