Дирӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши ҷавонон ва Шӯрои донишҷӯён дар толори китобхонаи хобгоҳи донишкада чорабинии сиёсию фарҳангӣ таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории чорабинӣ баланд бардоштани тарбияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат, ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ ва даъват ба хизмати ҳарбӣ буд.
Дар рафти баргузории чорабинӣ дар қатори донишҷӯён мудири бахши ҷавонон Н. Саидов, декани факултети санъати тасвирӣ Меҳриддини Абдусаид, муовини декани факултети санъати тасвирӣ оид ба тарбия ва илм А. Файзов ва мутахасисси шуъбаи тарбия Ҳ. Билолзода иштирок доштанд.
Чорабиниро мудири бахши ҷавонон Н. Саидов ҳусни оғоз бахшида, сипас донишҷӯён бо маърӯза ва қироати шеъру сурудҳо баромад намуданд.
Дар чорабинӣ инчунин бахшида ба “Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 корҳои эҷодии донишҷӯён ба тамошо гузошта шуд.