Дар симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди тамаддунофари тоҷикро мебинам ва бо итминони комил бояд гуфт, ки танҳо барои сулҳу осоиштагӣ, тинҷию ороми ба рӯзгори мардум ӯро бо мақому манзалати олӣ баровардааст. Саҳифаи таърих шоҳид аст, ки дар давраи бесарусомониҳо, дар марҳилаи парокандашавии давлат ва аз байн рафтани миллати тоҷик, фаъолияти пурмасъули давлатию ҷамъиятии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар он мавқеъ миллати тоҷикро бо ҳар восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ, худогоҳии даъват намуд. Маҳз ин инсони ҷасуру хирадманд тавонист, ҷанги бародаркушро хомӯш созад. Сарвари давлат барои миллат, нигоҳдории сулҳу оромии кишвар, шароити зиндагии арзанда, насли ояндасози ҷомеа заҳмату талошҳои бузурге кард. Вай бо як дилу нияти нек дар замони ниҳоят ҳасос шуълаи умедро ба фардои дурахшон дар қалби ҳар як фарди тоҷик фурӯзон намуд.
Андешаҳои созандаи Пешвои миллат омили пешбаранда ва такмилдиҳандаи давлату миллати тоҷиканд. Махсусан, дар фаъолият вай аз марҳилаи аввали соҳибистиқлолии кишвар ба ҳаёти бо ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, бо ғамхорию самимияти падарона меҳри созандаи ҷавононро ба ватан ва эҳтиромашонро бо муқадасоти миллӣ афзун гардонид. Ҷавонони кишвар низ мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуданд.
Зикр намудан ба мавридаст, ки туфайли меҳнатҳои шабонарӯзии ӯ миллати сарбаланди тоҷик имруз соҳиби давлати озоду ҳуқуқбунёди дунявӣ буда, дар фазои озоди Истиқлоли давлатӣ амал намуда истодааст. Таҳким бахшидан ба заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, зиёд намудани таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмомӯзӣ, навоварӣ ва бунёд кардани марказҳои инкишофи зеҳнии наврасону ҷавонон, иштироки занон дар рушди иқтисодии кишвар, зиёд кардани ҳаҷми грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок барои занони соҳибкор, бо мақсади баланд бардоштани рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, рушди соҳаи санъати тасвирӣ номгӯи ками корҳое мебошанд, ки бо ташаббусҳои Сарвари давлат амалӣ гашта истодаанд. Мо бовари дорем, ки ҳамроҳ бо мардуми шарифи Тоҷикистон созмонҳои ҷамъиятӣ ва дигар табақаҳои иҷтимоии кишвар тарафдории сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат буда, ҳадафҳои бунёдкоронаи ӯро дастгирӣ намуда, барои пешрафти Тоҷикистон роҳи васеъ мекушоянд ва барои наслҳои оянда аз худ як давлати бонизому устувор ва кишвари ободу зебо мерос мегузоранд.
Давлатзода Гулнора Шариф
Сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон