Дирӯз 19.11.2019. бо ташаббуси бахши чавонон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар якҷоягӣ бо Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов чорабинии муштарак гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ ҳайати профессорон ва омӯзгорони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов иштирок доштанд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳи муовини ректор оид ба тарбия Худойбердиева Ҷамила Чоршанбеевна кушода дар мавзӯи “Нақши Президенти мамлакат дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”маърӯза намуд.
Директори Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов низ иштирокчиёни чорабиниро ба рӯзҳои ҷашн табрику таҳният гуфта гузаронидани чорабиниҳои муштаракро ба нафъи соҳаи санъати ҷумҳурӣ баҳогузорӣ намуд.
Дар қисми тантанавии чорабинӣ донишҷӯёни Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов бо барномаҳои консертӣ баромад намуданд.
Донишҷӯёни факултети “Санъати тасвирӣ” – и Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бошанд, корҳои эҷодии худро ба намоиш гузоштанд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд ва изҳори дастгирии ҳаматарафа аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузашт.
Лаҳзаҳо аз рафти чорабинӣ: