Имрӯз, 5 ноябри соли 2019 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии таҷлили Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек ва кормандони зерсохтори он, ҳамчунин дигар намояндагони муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳи ректори ДДСТДТ номзади илмҳои меъморӣ, дотсент Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат оғоз карда ҳозиринро ба ҷашни 25-умин солгарди қабули Конститутсия табрику муборакбод намуд. Устодони донишкада бо маърузаҳои пурмуҳтавои худ вобаста ба пайдоиш, аҳмият ва нақши Конститутсия баромад намуданд. Инчунин дар чорабинӣ натиҷаи озмуни “Муаллими беҳтарини сол” ва “Донишҷӯи беҳтарини сол” ҷамъбаст гардид. Ғолибон бо туҳфаҳои молӣ ва хотиравӣ мукофотонида шуданд. Дар охир донишҷӯёни донишкада ба хондани шеъру суруд ва иҷрои рақсҳо хотири иштирокчиёнро шод гардониданд.