06.09.2019 дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ таҷлил гардид. Дар чорабинӣ донишҷӯёну омӯзгорон ва меҳмонон ҳузур доштанд. Ба чорабинии муовини ректор оид ба илм ва корҳои эҷодӣ -Одиназода Б., ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла қайд намуд, ки донишкадаи мо самараи даврони Истиқлолият мебошад ва туфайли он аст, ки санъати тасвирӣ ва дизайни тоҷик сол аз сол рушд ёфта истодааст.
Меҳмонон ба сухани табрикоти баромад намуданд ва дар охир донишҷуён бо қироати шеърҳо ва хондани суруд дар васфи Ватану Пешво иштирокчиёнро шод гардониданд.