Дар асоси нақша чорабиниҳои илмию эҷодии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, рӯзи 16-уми январи соли 2025 бо ташаббуси факултети дизайн дар толори хониши китобхона хониши сиёсӣ таҳти увони “Асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” баргузор гардид.
Мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисод Эшонқулов Алишер дар мавзӯи “Моҳияти иқтисоди рақамӣ ва ҷиҳатҳои муҳими он”, муовини декан оид ба тарбия ва корҳои эҷодии факултети дизайн Шарипов Намозалӣ дар мавзӯи “Мавқеи таърихӣ – сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари харезматикӣ”, муаллими калони кафедраи дизайн ва меъморӣ ба номи Карим Наҷмиддинов Валиев Эсанҷон дар мавзӯи “Ускорение цифровизации страны и укрепление её позиции в глобальной технологической среде” ва мудири китобхона Одинабеков Умед дар мавзӯи “Интихобот – воситаи татбиқи ҳокимияти халқ” маърӯза карданд.