Имрӯз дар асоси нақша-чорабиниҳои Раёсати Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ки санаи 9-уми марти соли ҷорӣ, дар шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дизайн” дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Ҳамоиши сиёсӣ дар мавзӯи “Хатари хурофот ва ифротгароӣ ба арзишҳои миллӣ, бақои миллат, амният ва ояндаи давлатдории миллӣ” баргузор карда шуд.
Дар кори ҳамоиш ректори Донишкада, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дизайн” н.и.м., профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, коршиноси масоили сиёсӣ, шоир ва муҳаққиқи варзида, номзади илмҳои сиёсӣ – Абдуллоҳи Раҳнамо ва аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантон ширкат варзиданд.
Нахуст, кори ҳамоишро раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дизайн” кушода эълон намуда, қайд намуданд, ки суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат яке аз муассиртарин суханрониҳои Пешвои муаззами миллат дар солҳои охир буда, фарогири мубрамтарин масъалаҳои имрӯзи ҷомеа мебошад, ки ягон қишри ҷомеаро бетараф намегузорад.
Дар идома, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ ва директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – Абдуллоҳи Раҳнамо баромад намуда, роҷеъ ба масъалаҳои таассубу хурофот ва зиёни он ба ҷомеа, сиёсикунонии дин ва оқибатҳои он, дин ва қонун, некӣ ва хайру савоб, бетарафӣ ва оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, масҷидҳо ва нақши онҳо дар ҷомеа, Ҳаҷ ва моҳияти он, симои миллӣ ва либоси миллӣ, савоб ва моҳияти он, Ислом, тараққиёт ва таассуб, экстремизм, амалҳои террористӣ ва оқибатҳои он, таҳдиду хатари он ба арзишҳои миллӣ, амният ва суботи сиёсӣ, тамомияти арзӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ибрози назар намуданд.
Дар фарҷом ректори Донишкада, профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат миннатдории хеш ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёну магистрантонро ба Устод Абдуллоҳи Раҳнамо барои ибрози андешаҳои солиму созанда, ки воқеъан метавонад барои дар рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, баланд бардоштани асолати миллӣ, посдоштани фарҳанги миллии миллати тамадунофари тоҷик ва ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ тарбия намудани насли ҷавони кишвар заминаи мусоидеро фароҳам оварад, расониданд.