Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амфетеатри Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе аввалин Фестивали фарҳангии донишҷӯёни хориҷиеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, таҳти унвони “Дӯстии ҷавонони ҷаҳон поянда бод” гузаронд. Чорабинӣ таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷалби васеи ҷавонон ташкил ва баргузор гардид. Аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар ин чорабинӣ 100 нафар донишҷӯён иштирок карданд. Рақси Испании донишҷӯи бахши дуюми ихтисоси “Дизайни дохили бино” Нарзуллоева Нилуфар сазовори сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.