Либоси миллӣ яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддун, таҷассумгари расму оин, нишони зебоипарастӣ ва ифтихори миллат мебошад. Бо ҳамин максад санаи 3-юми майи соли 2024 дар толори фарҳангию намоишии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали мӯд таҳти унвони «Аз Наврӯз то Наврӯз» баргузор гардид. Фестивал бо ташаббуси Раёсати Донишкада ташкил шуда, дар он донишҷӯён коллексияҳои беҳтарин либосҳои занонаро муаррифӣ намуданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар фестивал намоиши мазкур вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Сатториён Матлубахон Амонзода, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шарифзода Манучеҳр Муртазо, инчунин меҳмонон аз Донишгоҳи давлатии технологияи саноатӣ ва дизайни шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия директори Донишкадаи дизайни костюм, профессор, аъзои Иттифоқи расомони Россия Гамаюнов Петр Петрович бо ҳамроҳии чор нафар донишҷӯёни Донишгоҳи мазкур ширкат варзиданд.
Маврид ба зикр аст, ки фестивал намоиши мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароит мусоид барои таблиғ ва татбиқи нерӯи эҷодии ҷавонон дар самти санъати тасвирӣ ва дизайн гузаронида шуда, як навъ имтиҳонест, ки дар он тайи як соли охир донишҷӯёни ихтисосҳои дизайни костюм ва газвор, яъне мутахассисони ояндаи соҳаи дизайн ва мӯд маҳсули эҷодии худро ба устодону меҳмонон ва ҳаводорони олами зебоӣ ва эҷод, пешкаш мекунанд ва воситаест барои тарғиби зебоӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эстетикӣ, худогоҳӣ ва дӯстдории анъанаҳои миллӣ. Фестивали мазкур ҳамасола бо ташаббуси кафедраи тарҳрезии бадеии либос, таҳти роҳбарии Сотникова М.И ва дастгирии Раёсати Донишкада ташкил ва гузаронида мешавад.
Дар фарҷом иштирокчиёни фестивал аз ҷониби Раёсати Донишкада барои иштироки фаъолона ва пешниҳоди беҳтарин коллексияҳои эҷоднамудаашон бо диплому ифтихорнома ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.