Имрӯз дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти яксолаи муассиса дар соли 2025 ва вазифагузориҳо барои соли 2026 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Ҳаётзода Алиакбар Бекназар, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, муовинони ректор, сардорони шуъбаву бахшҳо, деканони факултетҳо ва ҳайати кормандону омӯзгорон иштирок намуданд.
Нахуст ҳисоботи ректори Донишкада оид ба ҷамъбасти соли 2025 ва вазифаҳо барои соли 2026 шунида шуд. Қайд гардид, ки соли 2025 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои ҳайати профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкада соли воқеан таърихӣ буд, зеро бо шарофати заҳматҳои содиқона нақшаву ниятҳои пешбининамудаи раёсати Донишкада ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, тайёр намудани мутахассисони касбӣ, боло бурдани сифати корҳои эҷодӣ ва иштироки фаъолона дар намоишҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.
Гуфта шуд, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон маҳсули замони соҳибистиқлолии мамлакат буда, соли 2013 бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иҷрои банди 11 “Барномаи давлатии рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015” дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, №114 ташкил шуд, ки таъсис ёфтани чунин муассисаи давлатии олии касбӣ орзуи тамоми рассомон ва дизайнерон буд. Муассисаро то имрӯз 2 224 нафар хатм кардаанд, ки аз ин шумора 84 нафар сазовори дипломи “аъло” шуданд.
“Соли ҷорӣ 6 нафар омӯзгорон рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд, ки ин дастоварди бузург маҳсуб меёбад. Ин олимони ҷавон дар доираи “Барномаи дохилидонишкадавии ҳавасмандгардонии корҳои илмӣ-тадқиқотии омӯзгорон ва кормандони Донишкадаи давлатии санъати тасвирї ва дизайни Тоҷикистон барои солҳои 2024-2027” аз ҷониби раёсати Донишкада бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар оянда умед дорем, ки теъдоди чунин олимони ҷавон зиёд мегарданд ва потенсиали илмии муассисаро ғанӣ мегардонанд”, – гуфт ректор.
Зикр гардид, ки донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаа ҳамасола дар олимпиадаҳою озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Аз ҷумла, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани даври донишкадавии озмунҳои ҷумҳуриявии «Хонандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат», «Тоҷикон – оинаи таърихи миллат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», раёсати Донишкад дар давоми соли 2025 тадбирҳои муассир андешид. Соли ҷорӣ дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 13 нафар донишҷу сазовори ҷойҳои намоён, аз ҷумла 1 нафар сазовори “Шоҳҷоиза” гардида, бо диплому ҷоиза ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ аз ҷониби омӯзгорон Камолзода О., Шифоев С., Абдуазизов Д., Рамхудоев Р. намоиши инфиродии асарҳои эҷодӣ гузаронида шуда, омӯзгорони Донишкада Суюнов Э., Забиров Б., Шифоев С., Боймуродов Б. ва Абдуллоев Б. асарҳои эҷодии худро дар намоишгоҳҳои хориҷи кишвар ба маърази тамошо гузошта, бо сертификату дипломҳо ва туҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ гардиданд.
Ректор зикр кард, ки айни ҳол дар Донишкада 1190 нафар таҳсил дошта, аз ин шумора 856 нафар дар шуъбаи рӯзона, 281 нафар дар шуъбаи фосилавӣ ва 53 нафар дар бахши магистратура, аспирантура ва докторантура мехонанд.
Таъкид гардид, ки раёсати Донишкада таъмини мутахассисони ҷавонро бо ҷойи кор яке аз масъалаҳои калидӣ дар фаъолияти худ дониста, донишҷӯёнеро, ки тариқи буҷавӣ хатм менамоянд, ҳар сол тибқи роҳхат ба ҷойи кор таъмин менамояд. Дар баробари ин, раёсати Донишкада кӯшиш менамояд, ки донишҷӯёни тариқи шартномавӣ хатмкардаро низ бо ҷойи кор таъмин намояд. Аз шумораи умумии хатмкунандагон 34 нафари онро хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавии равияи омӯзгорӣ ташкил медиҳанд, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба ҷойи кор таъмин гардидаанд. Ҳамзамон, 20 нафар хатмкунандагони гуруҳҳои ройгони равияҳои ғайриомӯзгорӣ ҷиҳати ба ҷойи кор таъмин гардидан ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.
Қайд карда шуд, ки ҳайати профессорону омӯзгорони асосӣ ва ҳамкори дохилиро фаъолияткунанда дар соли ҳисоботӣ 1 нафар профессор – номзади илм, 4 нафар профессори бе унвон, 4 нафар дотсент – номзади илм, 2 нафар и.в. дотсент – номзади илм, 7 нафар дотсенти бе унвон, 3 нафар муаллими калон – номзади илм, 24 нафар муаллими калон, 25 нафар муаллим ва 30 нафар ассистентҳо ташкил дода, омӯзгорони ҳамкор 2 нафар буданд.
Гуфта шуд, ки дар китобхонаи муассиса 18822 адад китобҳои тахассусию бадеӣ аз ин шумора 12122 адад дар шакли коғазӣ ва 6700 адад дар шакли электронӣ мавҷуд мебошанд. Бахши электронии китобхона дорои 16 адад компютер буда, бо шабакаи интернетӣ пайваст мебошанд. Толори хониши он бошад, дорои 53 ҷойи нишаст аст. Инчунин, дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишкада низ китобхона бо бахши электронии дорои 4 адад компютер ва толори хониши он дорои 80 ҷойи нишаст мебошад.
Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ китобхонаи Донишкада дар озмуни “Китобхонаи беҳтарин”, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гузаронида шуд, дар байни 45 китобхонаҳои ҷумҳурӣ сазовори ҷойи 2-юм гардид.
Таъкид гардид, ки дар самти муносибатҳои байналмилалӣ низ дастовардҳо назаррас буда, соли ҷорӣ дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ 10 нафар донишҷӯ ва 2 нафар омӯзгор дар озмунҳо, фестивалҳо ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ иштирок намуда, дастовардҳои Донишкадаро муаррифӣ карданд. Ҳамзамон, шуруъ аз моҳи январи соли 2025 то имрӯз 6 вохӯрии хориҷӣ гузаронида шуда, 4 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, аз ҷумла бо Донишгоҳи миллии техникии Беларус, Ҷамъияти саҳҳомии “Гамма Торговый Дом”, Донишгоҳи Кокшета ба номи Абай Мирзахметов (Қазоқистон) ва Академияи миллии санъати Қазоқистон ба номи Темирбек Жургенов. Инчунин, дар ин давра кормандону донишҷӯёни Донишкада дар чандин намоишҳои сатҳи байналмилалӣ иштироки фаъолона намуданд.
Ба зикри ректор, муассиса дорои хобгоҳ буда, имконияти бо ҷойи хоб таъмин намудани 300 нафар донишҷӯро доро мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ бинои он аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, ба соли нави таҳсил пурра омода карда шудааст. Хобгоҳ дорои майдончаи варзишии замонавӣ, китобхонаи электронӣ ва толори хониш буда, дар он тамоми шароитҳо барои зиндагӣ муҳаё гардонида шуданд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа фаъолияти Маркази бачагонаи рассомӣ, бахши тайёрӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ низ арзёбӣ гардида, зикр карда шуд, ки имрӯз дар Маркази бачагонаи рассомӣ 19 нафар шунаванда, дар бахши тайёрӣ 15 нафар шунаванда ва дар курсӣ дузандагӣ 11 нафар шунаванда таҳсил намуда истодаанд.
Баъди ҳисоботи ректори муассиса Комилов Саидбек, раиси Кумитаи муттаҳидаи иттифоқи касабаи Донишкада, Худойбердиева Ҷамила Чоршанбеевна, муовини ректор оид ба таълим ва чанде аз кормандону омӯзгорон суханронӣ намуда, фаъолияти муассисаро дар ин давра қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Дар идомаи ҷаласа Ҳаётзода Алиакбар Бекназар, сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон аз ҷумлаи нахустин муассисаҳои олии кишвар аст, ки дар омоданамоии мутахассисони соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн рисолати хешро адо менамояд. Муассиса дар давоми дувоздаҳ соли фаъолияти худ ҳамчун мактаби олии касбӣ ташаккул ёфта, феълан дар қатори муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ҷойи сазоворро ишғол менамояд. Он зодаи даврони Истиқлол буда, аввалин муассисаи мустақили давлатиест, ки дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн мутахассисони дорои маълумоти олиро (зинаи бакалавриат, магистратура, докторантура ва аспирантура) тайёр мекунад.
Дар хотима як қатор кормандону омӯзгорон бо “Ифтихорнома”-и муассиса ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфоз гардонида шуданд.
