Аъзои Шӯрои олимони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки 29 март барпо гардид, масъалаҳои фаъолияти кафедраи тарҳрезии бадеии либос, ҳуқуқшиноси донишкада, корҳои тарбиявӣ ва эҷодӣ дар факултетҳои санъати тасвирӣ ва дизайн, корҳои илмӣ-эҷодӣ дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022, додани дипломҳои хатмкунандагоне, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсил кардаанд ва пешниҳоди кормандони сазовор ба мукофоти давлатиро муҳокимаю баррасӣ намуда, аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карданд.