Имрӯз дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми кишвар дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастии солона оид ба натиҷагирии фаъолияти муассиса дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 баргузор гардид.
Дар ҷаласа ректори Донишкада профессор Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат дар мавриди фаъолияти муассиса дар соли 2024 ҳисобот дода, қайд кард, ки . Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон соли 2013 бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013, №114 бо мақсади иҷрои банди 11 “Барномаи давлатии рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015” ташкил шуд, ки таъсис ёфтани чунин муассисаи давлатии олии касбӣ орзуи тамоми рассомон ва дизайнерон буд.
Зикр шуд, ки дар Донишкада раванди таълим дар зинаи бакалавриат, магистратура ва доктор PhD ба роҳ монда шудааст. Давоми 11 соли фаъолият муассисаро 1892 нафар хатм намуданд, ки аз ин шумора 75 нафаррашон сазовори дипломи аъло гаштанд. Ҳоло дар Донишкада 1308 нафар, аз ин шумора 590 нафар дар шуъбаи рӯзона, 388 нафар дар шуъбаи фосилавӣ ва 54 нафар дар бахши магистратура, аспирантура ва докторантура таҳсил менамоянд.
Қайд гардид, ки соли ҷорӣ аз ҷониби омӯзгорони Донишкада Одиназода Бахтиёр, Саидов Наврӯз, Ҷалолова Парвина ва Шералиева Умеда намоиши инфиродии асарҳои эҷодӣ гузаронида шуд, ки ин барои муассисаи олии тахассусӣ дастоварди арзишманд маҳсуб меёбад.
“Дар соли ҳисоботӣ омӯзгорону кормандон дар маҷаллаҳои илмӣ-назариявӣ 181 адад мақолаҳо пешниҳод намуданд, ки аз инҳо 11 ададаш мақолаҳои оммавӣ мебошанд. Дар ин давра дар Донишкада 11 конференсияҳои илмӣ-назариявии кафедравӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида шуд.Дар ин замина, маводи конференсияҳо дар ҳаҷми 4 номгӯй ба чоп расида, 2 номгӯи дигар дар ҳоли чоп қарор дорад. Ҳамзамон, дар ин давра 14 намоишҳои инфиродӣ, донишкадавӣ ва байналмиллалӣ ва 8 дарси маҳорат аз ҷониби омӯзгорон гузаронида шуд”, – гуфт ректор.
Таъкид шуд, ки ҳамкориҳои Донишкада бо ташкилотҳои байналмилалӣ бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои гуногуни байналмилалӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, бо мақсади рушди соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн, раёсати Донишкада дар давраи фаъолияти худ аз соли 2013 то инҷониб бо 19 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷӣ, ва инчунин бо зиёда аз 50 ташкилотҳои дохилӣ бо мақсади гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос ва таъмин бо ҷои кор равобити ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ Донишкада бо 4 муассисаи хориҷи кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки инҳо Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Иванови Федератсияи Россия; Созишномаи дутарафаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллӣ тадқиқотии давлатӣ муҳандисии сохтмонии Москва (НИУ МГСУ); Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Донишгоҳи федералии Қазон; Созишномаи ҳамкорӣ миёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Донишгоҳи Григори Сковорода дар Переяслав (Украина) ва Созишномаи дутарафаи ҳамкорӣ байни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии технологии Белорус.
Дар ҷаласа дастур дода шуд, ки муовинони ректор ва сардорои шуъбаву бахшҳо ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти кори комиссияи қабул, фаъол гардониданикори Маркази бачагонаи рассомӣ, таҳия ва тасдиқ намудани барномаҳои таълимӣ вобаста ба ҳар як ихтисос, беҳтар намудани корҳои маҳфилҳои илмӣ, эҷодӣ, аз ҷумла маҳфили эҷодии “Вечерный рисунок” дар Донишкада ва хобгоҳи донишҷӯён тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ҷаласа бо муҳокимаи фаъол идома ёфта, дар он устодону кормандон ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти корӣ пешниҳодҳои муфиду судмад намуданд, ки аз ҷониби раёсати муассиса дастгирӣ ёфтад.
Дар анҷоми ҷаласа як қатор устодону кормандон ва донишҷӯёни муассиса барои нишон додани фаъолияти назарраси корӣ, таҳсили хубу аъло, ғолибият дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ташкили намоишҳои инфиродии эҷодӣ ва ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Ифтихорнома, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.