Дар арафаи 29-ум солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 9 сентябр бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар муассисаҳои таҳсолоти олии касбии ҷумҳурӣ ба Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон низ чор дастаи калони китобҳои пурмуҳтавои бузургҳаҷм тақдим карда шуд, ки миёни онҳо “25 соли Истиқлолият”, “Эмомалӣ Раҳмон – пайвандгари дӯстии Тоҷикистон ва Россия”, “Пешвои муаззами миллат”, “Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари Роғун”ҳастанд.
Китобҳои мазкур роҳи тайкардаи Тоҷикистон дар тӯли 29 сол ва дигаргуниҳои куллиеро, ки бо шарофати Истиқлол таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ба амал омадаанд, инъикос менамоянд.
Устодону донишҷӯёни донишкада ин тӯҳфаи гаронбаҳои Сарвари давлатро бо ҳисси бепоёни миннатдорӣ қабул карда, ба омӯзиши китобҳо камар бастанд.
Дар сурат: китобҳои тақдимкардаи Сарвари давлат.