Вазъияти ноороме, ки солҳои охир ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардаст, ин терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш- таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ сохти демократию дунявиро интихоб карда, бо ин роҳ пеш меравад, бо амалҳои нангину хиёнаткоронаи як идда мазҳабгароёну гурӯҳҳои мутаассиб, манфиатҷӯ ва бегонапараст рӯ ба рӯ гардида буд. Хусусан баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишвари мо гурӯҳҳои мухталиф бо истифода аз холигии маънавию идеологӣ ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ бо дастгирии манфиатҳои гурӯҳии худ қувва ва маблағҳои зиёдеро барои ба ҷониби худ ҷалб намудани қувваҳои нав сафарбар намуданд. Аз ҷумла, он замон дар натиҷаи фаъолияти тахрибкоронаи ҲНИТ хурофоту таасуби динию мазҳабӣ дар кишварамон доман зад ва аксарияти ҷомеаи тоҷик таҳти фишори равонӣ ва мафкуравии бегона қарор гирифт. Таблиғоти мафкураи динию мазҳабии мутаасибона ва ифротии ҲНИТ ва баъзе «саршиносон»-и рӯҳонияти исломӣ ибтидои солҳои навадуми садаи бист дар ҷумҳурӣ хараҷу мараҷи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар натиҷа, буҳрони фарогирро ба вуҷуд овард. Домани бетартибиҳои мардумиро дар минтақаҳои даргири Тоҷикистон тавсеа бахшиданд ва бадин тариқ, сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд. Барои ба мақсади нопоки худ расидан ин гурӯҳҳои нохалаф ва хоини ватан бо маслиҳати хоҷагони хориҷӣ ва маблағгузории онҳо бисёр шахсиятҳои баруманди ҷумҳурӣ аз ҷумла Муҳаммад Осимӣ, М. Ғуломов, Башир Исҳоқӣ, Отахон Латифӣ, Сайф Раҳим, Муҳиддин Олимпур, Юлдош Каримов, Ҳабиб Сангинов, Сафаралӣ Кенҷаев, Моёншо Назаршоев, Нурулло Ҳувайдуллоев, Давлатал Раҳмоналиев, Муродулло Шерализода ва чандин шахсиятҳои дигар ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ аксари конвенсияҳои байналмилалиро оид ба ҳуқуқи инсон, таъмини сулҳу амният, мубориза бар зидди терроризм, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир эътироф карда, ба тасвиб расондааст. Арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо баъди Истиқлолияти давлатӣ, бешубҳа, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ мебошанд. Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон роҳи рушду такомули минбаъдаи кишварро равшан сохт.
Вале ҳодисаҳои нангини 4-16 сентябри соли 2015-сӯиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти ТТЭ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сурат гирифт, собит намуд, ки баъзе аз доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои нопоки худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои хешро бо дасти зархаридони нопоку беору номус амалӣ гардонанд.
Ин гурӯҳҳо ислому Қуръони азимушшаънро барои ба даст даровардани ғояҳои сиёсии худ ҳамчун «ҳилаи шаръӣ» ба кор мебаранд. Дар асл, шариати исломӣ зуҳуроти номатлуб ва даҳшатноки терроризму ифротгароиро шадидан маҳкум намуда, мусулмононро ба ваҳдату бародарӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, раҳму шавқат, эҳтироми байниҳамдигарӣ, иззату икроми волидайн, сарфаю сариштакорӣ ва дар маҷмӯъ ба амаҳои нек ҳидоят менамояд.
Фаъолияти гурӯҳҳои ифротгарою террористӣ ҳамчун зуҳуроти номатлуб ва вабои аср ба амнияти аҳолии сайёра таҳдид менамояд. Онҳо натанҳо ватану миллат надорад, балки пул ва роҳҳоеро, ки миллату маҳалро ба якдигар пайваст мекунад, тарконда, тухми кинаву адоватро кошта, соҳилҳои тамаддуни башариро аз якдигар ҷудо мекунад. Мутаассиб ба воситаи назария ва амалияи худ меҳрро ба адоват табдил дода, барои ҷамъият оқибатҳои фалокатангезро эҷод мекунад.
Ин ашхоси хушунатангез дар дохили миллату халқҳои олам буданд ва ҳоло ҳам ҳастанд. Имрӯз миқдори ҷонибдорони онҳо дар кишвар ба чашм мерасанд. Паҳн гаштани равияи мазҳабӣ бо номи салафия имрӯз ба яке аз муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти динӣ, фарҳангӣ ва сиёсии ҷомеа табдил гаштааст. Ҳам дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва ҳам дар гуфтугузори байни мардуми одӣ баҳс дар атрофи гурӯҳҳои тундраву ифротгаро аз мақомҳои аввалро ишғол кардааст. Дар миёни мардум даҳҳо китобу навору дискҳо аз тарафи гурӯҳҳои мазкур паҳн гашта, хусусан, дар муҳити динии кишвар баҳсҳои ҷиддиеро ба миён овардааст.
Фаъолияти онҳо дар дохил ва беруни кишвар, ба таври пинҳонӣ паҳн шудани китобу наворҳои таблиғотии иффротгароёну тундравон дар Тоҷикистон, таҳсил дар марказу донишгоҳҳои исломии кишварҳои хориҷӣ ва ба тарафи худ ҷалб намудани донишҷӯёни тоҷик дар кишварҳои исломӣ боиси зиёд шудани шумораи аъзоёни ин гурӯҳҳо гардид.
Умуман, чунин ба назар мерасад, ки ифротгароён аз ҷониби шабакаҳои амниятии бархе аз кишварҳо садҳо нафар аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ муҳоҷир шуда, фарзандони онҳо дар урдугоҳҳо дарс хонданд ва аз ҷониби эмиссарони хориҷӣ тарбия ёфтаанд. Дар он солҳо маърифати динӣ дар ҷомеаи мо дар сатҳи паст қарор дошт ва мутаассифона, дар ин бахш аз ҷониби масъулон корҳои назаррас ва бунёдии таблиғотӣ сатҳи зарурӣ гузаронида нашуда буд.
Иддае аз ҷавонони тоҷик, ки бунёду асоси иҷтимоӣ ва ин ҳаракатро ташкил медиҳанд, аз мазҳаби муътадили ҳанафӣ дур рафтаанд.
Пас, мо бояд бо дарназардошти ин вазъият, бахусус авҷ гирифтани падидаи номатлуби ифротгароиву терроризм беш аз пеш ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, аз ин ҷараёнҳову гурӯҳҳо ҷилавгирӣ намоем.
Новобаста аз характери дунявӣ доштани давлат дар Тоҷикистон, имрӯз мазҳаби ҳанафӣ яке аз омилҳои асосии таъмини суботи ҷомеа ва амнияти миллӣ дар кишвар мебошад. Муттаҳид будани мардум дар атрофи як арзиши муътадил, яъне мазҳаби ҳанафӣ, худ омили ваҳдат ва субот аст, ки ба таври табиӣ нақши ваҳдатбахширо иҷро мекунад.
Аз ин рӯ, ташаккулу такомули худшиносии миллӣ, шинохту таблиғи мазҳаби таҳаммулпазири Имоми Аъзам- Ҳанафия ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон беҳтарин роҳу восита дар мубориза алайҳи ҳаракату ҷараёнҳои тафриқаандози ифротгаро мебошанд.
Шукри Истиқлолияти миллӣ ва сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли зиё, мутафаккирону донишмандон фазои сулҳу осоиш, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳукумрон аст, вале падидаҳои даҳшатноку марговари террористии кишварҳои гуногун ба мо низ бетаъсир нахоҳад монд. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ халқи Точикистон ҳам узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ, гирифтани пеши роҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлубу даҳшатовар вазифаи ҳар як шахси поквиҷдону халқпарвар ва ватандӯсту ояндасоз мебошад.
Дар ин марҳилаи басо ҳассосу муборизаҳои ошкору ниҳони нерӯҳои гуногун, вазифаи муқаддаси ҷомеа, пеш аз ҳама ба таълиму тарбия фаро гирифтани ҷавонон, ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо ва пешгирӣ аз воридшавии онҳо ба ҷараёнҳои ифротию тундгаро мебошад. Ҷавонон дар рӯҳияи худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия ёфта, ба онҳо дар муҳити оила, ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ ахлоқу одоби ҳамида, маърифати шаҳрвандӣ, камолоти инсонӣ, риояи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ таълим диҳем, то ки наврасону ҷавонони мо ҳамчун ворисони арзандаи Ватану миллат ба воя расанд. Зеро Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму соҳибтамаддун аст. Меҳри бузурги ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу ҷон ҷо аст. Сарзамини дилфиреб, макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шуҳратмандон аст.
Тоҷикистони бузург имрӯз дарахти пурсамареро мемонад, ки шохаҳои пурқуввату бузургаш сояафкани ҳар гулу гиёҳи арзандаи ӯст ва меваҳои рангину лазизаш мардуми бонангу номӯс ва бодонишу баори он машҳури дунё гаштаанд. Ватане, ки чун модар фарзандонашро доим сарпаноҳест, азизу дӯсташ медоранд ва мудом эҳтироми онро ба ҷо меоранду хоҳанд овард.
Субҳон Усмонов, устоди Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ
ва дизайни Тоҷикистон